Раиси Кумитаи андоз гуфт, “соҳибкорон дар рушди Тоҷикистон нақши бузург доранд”

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки имрӯз, 14-уми октябр таҷлил мешавад, нақши соҳибкоронро дар рушди иқтисодӣ таъкид карда, ба тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ ва саҳми ин қишр дар бунёдкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Раиси Кумитаи андоз гуфтааст, ки соҳибкорон дар ҳама давру замон “ба ҳайси нерӯи созандаи иқтисодиёт” […]

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки имрӯз, 14-уми октябр таҷлил мешавад, нақши соҳибкоронро дар рушди иқтисодӣ таъкид карда, ба тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ ва саҳми ин қишр дар бунёдкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Раиси Кумитаи андоз гуфтааст, ки соҳибкорон дар ҳама давру замон “ба ҳайси нерӯи созандаи иқтисодиёт” шинохта шудаанд ва фаъолияти онҳо барои рушди иқтисодии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум “нақши муҳим ва калидӣ” дорад.

 

Тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ

Нусратулло Давлатзода ишора кардааст, ки дар мақомоти андоз ба рақамикунонии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад, ки ин ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳои давлатӣ ва содаву қулай намудани риояи қонунгузории андоз равона шудааст.

Дар робита ба ин, Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон намудҳои зиёди хидматрасониҳои электрониро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, ҳоло имкониятҳои зерин тариқи электронӣ ба роҳ монда шудаанд:

– Гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ;

– Ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ;

– Дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз;

– Ирсоли ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ;

– Азназаргузаронии ҳисобот ва тартиб додани санади муқоисавӣ;

– Истифодаи ҳисобкунаки андоз;

– Тафтиши ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ.

Раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки дар назар аст дар ин самт тадбирҳои нав андешида шаванд, ки ба хотири содаву қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва халалдор насохтани фаъолияти соҳибкорон равона шудааст.

 

Саҳми муассири соҳибкорон дар бунёдкорӣ

Нусратулло Давлатзода зимни таҳнияташ гуфт, ки соҳибкорон на танҳо дар рушди иқтисод, балки дар корҳои ободонии мамлакат низ “нақши бузург” доранд.

Ӯ гуфт, танҳо дар се соли охир бо саҳми соҳибкорону сокинони мамлакат ба теъдоди зер иншооти “ҳаётан муҳим” бунёд ва ба истифода дода шуданд:

– Зиёда аз 1 ҳазору 500 иншооти соҳаи маориф (дабистону мактаб);

– 660 иншооти соҳаи тандурустӣ:

– 480 иншооти варзиш;

– 175 иншооти фарҳангу фароғат;

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 14-уми октябр Рӯзи соҳибкорон эълон шудааст. Меъёри мазкур аз соли 2015 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” низ илова шуда, ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.