Муқим Ашӯров баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ гуфт, “маро дигар қудои сарвазир нагӯед”

Муқим Ашӯров, соҳибкоре, ки дар гузашта ба ҳайси қудои Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон,  ёд мешуд, баъди пардохти ҷарима ва раҳоӣ аз боздошт, дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “4 сол боз қудои сарвазир нестам ва дигар маро қудои сарвазир муаррифӣ накунед”. Муқим Ашӯров, ки дар ду соли охир ду маротиба боздошт ва бо пардохти […]

Муқим Ашӯров, соҳибкоре, ки дар гузашта ба ҳайси қудои Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон,  ёд мешуд, баъди пардохти ҷарима ва раҳоӣ аз боздошт, дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “4 сол боз қудои сарвазир нестам ва дигар маро қудои сарвазир муаррифӣ накунед”.

Муқим Ашӯров, ки дар ду соли охир ду маротиба боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд, ба "қаллобии махсусан калон" айбдор мешуд. Бори аввал моҳи майи соли равон боздошт ва ба қаллобӣ гумонбар ва он замон ҳам баъди ду моҳ озод шуд. Худаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “қаллоб нею “қарздор” буд ва он вомро пардохт”.

Ниҳолбӣ Иброҳимова, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки парвандаи Муқим Ашӯровро баррасӣ кардааст, дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “мо нусхаи ҳукмро ба дасти худи маҳкумшуда додаем ва аз ӯ метавонед миқдори ҷаримаро аниқ кунед”.

Худи Муқим Ашӯров дар суҳбат ба “Азия-плюс” нахост дар бораи парвандааш суҳбат кунад ва танҳо гуфт, “ҳар чӣ буд, гузашт”.

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ҷонибҳо ба чӣ созиш расиданд, Ашӯров чӣ қадар ҷарима шуд ва оё даъвогар ба ҳукми додгоҳ розӣ ҳаст ё не.

Муқим Ашӯров, ки дар гузашта ҳамчун қудои сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, ба мо гуфт, “4 сол боз қудои сарвазир нестам ва дигар маро қудои марвазир муаррифӣ накунед”.

Мурофиаи Муқим Ашӯров баъди дубора боздошт шуданаш, бояд рӯзи 30-юми сентябри соли 2025 дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд. Ӯ ба "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (моддаи 247 қисми 4 банди б) айбдор мешуд. Ин банди қонунгузорӣ аз 109 ҳазору 500 то 164 ҳазору 250 сомонӣ (1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вале бо сабабҳои барои расонаҳо номаълум, ба рӯзи дигар гузошта шуд. Ҳамин тариқ, кай ва чӣ гуна гузаштани мурофиа маълум нест.

Бояд гуфт, ки Муқим Ашӯров соли гузашта дар пайи шикояти як сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст. Бо гузашти ду моҳ ба озодӣ баромад ва гуфт, қарзро пардохт кардааст.

Маълумот дар бораи Мақим Ашӯров хело кам аст. Танҳо маълум аст, ки ӯ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи зисташро шаҳри Хуҷанд ва масъулияташро мудири ширкати сайёҳии “Спутник” навиштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.