Муқим Ашӯров, қудои сарвазир дубора боздошт шуд. Ӯ ба “қаллобӣ” гумонбар аст

Муқим Ашӯров, соҳибкоре, ки аз ӯ чун қудои Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ёд мешавад, дубора боздошт ва ба “қаллобӣ” гардидааст. Имрӯз, 30-юми сентябр, мебоист мурофиаи ӯ дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, вале бо сабабҳои барои расонаҳо номаълум, ба рӯзи дигар гузошта шуд. Ӯ бори аввал моҳи майи соли равон боздошт ва ба қаллобӣ гумонбар, вале баъди […]

Муқим Ашӯров, соҳибкоре, ки аз ӯ чун қудои Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ёд мешавад, дубора боздошт ва ба “қаллобӣ” гардидааст. Имрӯз, 30-юми сентябр, мебоист мурофиаи ӯ дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, вале бо сабабҳои барои расонаҳо номаълум, ба рӯзи дигар гузошта шуд.

Ӯ бори аввал моҳи майи соли равон боздошт ва ба қаллобӣ гумонбар, вале баъди ду моҳ озод шуд. Худаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “қаллоб нею “қарздор” буд ва он вомро пардохт”.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳоло Ашӯров дубора боздошт ва ҳудуди ду моҳ мешавад дар боздоштгоҳ аст. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд боздошти ӯро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, вале ҷузъиёти бештар надоданд.

Ҳамчунин, дар ҷадвали тасдиқшудаи баргузории мурофиаҳои судии Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, номи Ашӯров Муқим Муллоҷонович пайдо шуд, ки имрӯз, 30-юми сентябр соати 14:00, бояд мурофиааш баргузор мешуд. Мурофиа таҳти роҳбарии додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Иброҳимзода  Н.А бояд мегузашт.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои ширкат ба ин мурофиа рафт. Вале имрӯз, дар вақти муайяншуда мурофиаи додгоҳӣ баргузор нашуд. Сабабаи баргузор нашудани мурофиаро ҳам шарҳ надоданд.

Мурофиаи ӯ дар асоси моддаи 247 қисми 4 банди б ё "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" бояд баргузор мешуд. Ин банди қонунгузорӣ аз 109 ҳазору 500 то 164 ҳазору 250 сомонӣ (1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондищанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи Муқим Ашӯров ва вакили дифои ӯ дар робита ба боздошт ва парванда маълум нест.

Муқим Ашӯров соли гузашта дар пайи шикояти як сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ӯ чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст. Бо гузашти ду моҳ ба озодӣ баромад ва гуфт, қарзро пардохт кардааст.

Маълумот дар бораи Мақим Ашӯров хело кам аст. Танҳо маълум аст, ки ӯ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи зисташро шаҳри Хуҷанд ва масъулияташро мудири ширкати сайёҳии “Спутник” навиштааст. Тибқи иттилои расонаҳо, як писари Муқим Ашӯров бо духтари Қоҳир Расулзода оиладор шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.