Консепсия тасдиқ шуд. Бархурди Русия бо муҳоҷирон дар 5 соли оянда чӣ гуна хоҳад буд?

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "Консепсияи сиёсати муҳоҷират барои солҳои 2026-2030", ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати муҳоҷират дар ин кишварро тасдиқ намуд. Он дар сомонаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ин кишвар ҷой дода шуда, он вазифаҳо ва самтҳои амалисозии сиёсати муҳоҷирати Русия барои 5 соли ояндаро муайян мекунад.

Бар асоси санад, вазифаҳои асосии сиёсати муҳоҷирати Русия, коҳиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва поён овардани сатҳи ҷинояткорӣ аз сӯи онҳо хоҳад буд. Ҳамчунин, санади мазкур сахттар шудани талабот нисбат ба будубоши хориҷиёнеро, ки ба ҷомеаи Русия мутобиқ намешаванд, пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, дар асоси он шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад. Ба он муҳоҷироне, ки қонунӣ дар Русия ҳузур дошта, забони русиро медонад ва дар ягон ҷиноят даст надоранд, роҳҳои осонтари дарёфти шаҳрвандии Русия муқаррар шудааст. 

Муҳимтарин нуктаҳои санад ба таври зайланд:

– Мақомоти Русия будубоши аъзои оилаҳои муҳоҷиронеро, ки кор ё таҳсил намекунанд, маҳдуд мекунанд;

– Теъдоди кӯдакони хориҷие, ки ба мактаб намераванд, бояд кам шавад;

– Давлат бо эҷоди минтақаҳои қавмӣ ва ҳошиянишии муҳоҷирон мубориза мебарад;

– Истифодаи фановариҳои иттилоотӣ ва системаҳои биометрӣ асоси назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират хоҳад шуд;

– Корфармоён вазифадор мешаванд, ки муҳоҷирони кориро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамроҳӣ кунанд;

– Барои муҳоҷирати хориҷиёне, ки арзишҳои суннатии Русияро мепазиранд, шароити бештар фароҳам оварда мешавад.

Тасдиқи санади муайянкунандаи сиёсати муҳиҷрати ин кишвар дар ҳолест, ки дар беш аз ду соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Аз ҷумла, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия (палатаи поёнии парлумон) чанде пеш иттилоъ дод, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ, ҳудуди 35 ҳазор хориҷӣ, махсусан, муҳоҷирон аз қаламрави кишвар хориҷ карда шудаанд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, то 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар рӯйхати "сиёҳ" ё шахсони таҳти назорати Вазорати корҳои дохилии Русия 770 ҳазор муҳоҷир қарор доранд, ки сеяки онҳоро занону кӯдакон мебошанд ва бодя онҳо аз ин кишвар ихроҷ шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...