Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 19 ОКТЯБР

– Дар Тоҷикистон дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Имрӯз дар толорҳои синамои пойтахт филмҳои зерин манзури ҳаводорон мегардад:

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Ҳамчунин, шоми имрӯз, соати 17:30 маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории синамоҷашнвора дар Театри давлатии академии орпера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

– Имрӯз дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлили иди Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар боғи мазкур чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза ва каду”, “Иди себ ва ангур”, “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” доир мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Ба муносибати ҷашни Меҳргон хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад. Дар ин хатсайр роҳбаладон дар мавриди ҷашни Меҳргон ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ маълумот медиҳанд.

Вақт ва макони ҷамъшавии ширкаткунандагон соати 08:00 дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аст. Хатсай соати 08:30 ҳаракат мекунад.  

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ОКТЯБР

Соли 2018 – Додситони кулли Тоҷикистон дархости намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи бекор кардани қарори Вазорати маориф оид ба қоидаҳои сафарҳои хориҷиро қонеъ кард.

Соли 2019 – Хатсайри автобус дар масири Қӯқанд (Ӯзбекистон) – Шайдон (ноҳияи Ашт, Тоҷикистон) кушода шуд.

Соли 2010 – Дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2015 – Хати нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2021– Иззат Амон, яке аз ҳомиёни муҳоҷирон дар Русия, роҳбари “Маркази тоҷикон дар Маскав” барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) 9 сол равонаи зиндон шуд.

Дертар бо гумони "қаллобӣ" ба ҳукми ӯ боз 6 соли дигар илова шуд. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро қабул надоранд ва мегӯянд, барои фаъолиятҳои сиёсиаш ва интиқодҳояш боздошту зиндонӣ шуд. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1917 – Мавлуди Нӯъмон Бобоев, риёзидони тоҷик.

Соли 1936 – Зодрӯзи Равшан Тӯрабеков, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик.

Равшан Тӯрабеков ҳанӯз аз солҳои ҷавонӣ ба санъат дилбастагӣ дошт ва пас аз хатми Институти театриву рассомии ба номи А.Н. Островскийи шаҳри Тошканд дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳунарнамоӣ оғоз кард.

Аз соли 1963 то 1972 дар киностудияи “Тоҷикфилм” аввал ҳамчун ёрдамчии коргардон ва баъдан ҳамчун коргардон фаъолият намуд. Аз соли 1972 фаъолияти худро дар “Тоҷиктелефилм” идома дода, яке аз аввалин коргардонҳои телевизионии тоҷик гардид, ки наворбардории филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиро дар сатҳи баланд ба роҳ монд.

Аз ҷумла, филмҳои бадеии телевизионии ӯ – “Ман – сарҳад”, “Сайди охирин”, “Об аз куҷо меояд?”, “Кӯҳи уқобон” дар таърихи синамои тоҷик ҷойгоҳи хос доранд. Ӯ инчунин беш аз 30 филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтааст.

Ҳунарпеша 4-уми ноябри соли 2004 дар 60-солагӣ даргузашт.

Соли 1942 – Мавлуди Саидмуҳаммад Одинаев, ректори пешини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидмуҳаммад Одинаев

Саидмуҳаммад Одинаев яке аз физикдонҳои барҷастаи Тоҷикистон буд, ки бо фаъолияти пурсамари илмӣ ва роҳбарии худ дар рушди илми физикаи назарӣ ва таълими олӣ дар кишвар саҳми арзанда гузошт. Ӯ доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви Академияи илмҳои Ню-Йорк буд.

Одинаев пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1965 фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз карда, минбаъд ассистент, ходими калони илмӣ, дотсент ва сипас то соли 1999 дар ҳамин кафедра ба ҳайси профессор кор кард. Аз соли 1999 то 2001 роҳбарии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаровро ба уҳда дошт.

Солҳои 2001–2005 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва солҳои 2005–2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2008 то охири умр ҳамчун профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Саидмуҳаммад Одинаев ҳамзамон ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Ӯ 3-юми августи соли 2023 дар 80-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 2020 – Набӣ Шораҳмонов, ходими намоёни давлатӣ ва собиқ раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе (ҳоло раиси шаҳр) дар синни 82 даргузашт.

Соли 2020 – Диловари Зуҳуриён, оҳангсоз, навозанда ва овозхони тоҷик дар пайи садамаи нақлиётӣ дар синни 46 ҷон бохт.

Соли 2023 – Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадори тоҷик, раиси пешини Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар 80-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд.

Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.

Дар зер мусоҳибаи охирини ин сиёсатмадори тоҷикро бо “Азия-Плюс”, ки дар рӯзи 80-солагиаш, ду рӯз пеш аз маргаш пешниҳод мекунем: Шодӣ Шабдолов: Дар ягон ҳолат мавқеамро тағйир надодаам.

Соли 2024 – Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 75-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирзо Шукурзода

Мирзо Шукурзода хатмкардаи бахши рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, солҳо дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, интишороти “Адиб” ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ машғул буд.

Муаллифи очерку мақолаву қиссаҳои “Баҳодури Дилварзин”, “Ситораҳои рахшанда”, “Теғи ҷонбахш” аст.

Зиёда аз 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ, аз ҷумла “Тоҷикон дар масири таърих”, “Кӯҳкане аз користони дил”, “Парниёну ҳариру абрешим” (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ), “Ҷонпайванд” , “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно” (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон), “Ашки сари мижгони ман”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон”, “Себи Самарқанд”, “Ҳамосаи родмардони Хуросон”, “Кимиёгари дурри дарӣ”, “Размоварони Ҳиндукуш” ва “Тӯшаи умри падар” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Шукурзода 18-уми октябри соли 2024 дар синни 75 даргузашт. Таассуфи зиёиёни тоҷикро дар робита ба марг ва нақши Мирзо Шукурзода дар адабиёти тоҷик дар мақолаи "Тани танҳо кори Академия ва Иттифоқи нависандагонро анҷом дод”. Зиёиёни тоҷику форс аз Мирзо Шукурзода ёд карданд" хонед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

19-уми октябри соли 1956 Эъломияи муштараки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷопон ба имзо расид, ки расман ба ҷанги байни ду кишвар хотима гузошт ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ барои ҳар ду кишвар оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ ба ҳисоб мерафт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи Эъломия, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар муносибатҳои минбаъдаашон ба принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя мекунанд ва аз дахолат ба корҳои дохилии якдигар худдорӣ менамоянд.

19-уми октябри соли 1960 ҳукумати Амрико нисбат ба Ҷумҳурии Куба таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Ҳамаи муомилаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла харидуфурӯши нафт ва содироти қанд қатъ карда шуд. Ин тасмим, ки ҳамчун вокуниш ба сиёсати сотсиалистии Куба қабул гардид, ба иқтисоди ҳар ду кишвар таъсири манфӣ расонд.

Дар солҳои минбаъда ҳар як президенти Амрико қонунҳои наве қабул карда, таҳримро боз ҳам сахттар намуд. Танҳо дар соли 2000, президенти онвақта Билл Клинтон бо имзои як қонун иҷозати фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ба Куба дод ва ин аввалин қадами расмӣ ба сӯи сабуктар кардани муҳосира буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2009 Барак Обама бархе аз таҳримҳоро сабуктар кард. Дар охири соли 2014, пас аз ним аср таниш, ИМА ва Куба оғози раванди барқарорсозии муносибатҳои дипломатиро эълон карданд. Дар моҳи июли соли 2015 сафоратхонаҳои ду кишвар дубора фаъол шуданд, гарчанде муҳосираи иқтисодӣ то ҳол пурра бекор нагардидааст.

Соли 1941 “стрептомитсин” – доруи наҷотбахш аз бемории сил кашф гардид. Ин кашфиёти бузурги илмӣ дар лабораторияи донишгоҳи Ратгерси Амрико, зери роҳбарии олим Зелман Ваксман сурат гирифт. Дар аввал аз гурӯҳи микроорганизмҳои “Streptomyces antibioticus” ва “Sir. Lavendulae” ду моддаи антибиотикӣ – актиномитсин ва стрептотритсин ҷудо карда шуданд.

Гарчанде ин моддаҳо барои истифодаи тиббӣ мувофиқ набуданд (аз сабаби заҳролудӣ), маҳз ҳамин таҳқиқот қадами нав ба сӯи кашфи аввалин антибиотики муассир зидди бемории сил – стрептомитсин буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин дору аввалин воситаи самаранок бар зидди бемории вазнини сил гардид ва ҳазорон нафарро наҷот дод. Барои ин дастоварди таърихӣ Ваксман соли 1952 бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб сарфароз гашт.

Ҳамасола 19-уми октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи навиштани нома ба оянда ҷашн гирифта мешавад. Гарчанде муаллифи ин ташаббус маълум нест, идеяи ирсоли паём ба “насли оянда” ё “худ дар оянда” дар саросари ҷаҳон маъруф гаштааст.

Аксар кӯдакон ба худашон нома менависанд ва баъд аз чанд сол онро хонда мебинанд, ки орзуву ниятҳои кӯдакиашон то чӣ андоза амалӣ шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...