Аз Соя то Конфутсий. Дар намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” кадом асарҳо ба намоиш гузошта шудаанд?

Date:

 

Ғурфаҳои пур аз китобу садои варақзании саҳфаҳо, баҳси дӯстдорони мутолиа пиромуни муҳтавои китобе ва ё хариди он, баробари вуруд ба Осорхонаи миллӣ падидор мешавад. Ин макон ба майдони васеи дӯстдорони китоб табдил ёфтааст.

Дирӯз, 20-уми октябр, дар Осорхонаи миллӣ Намоишгоҳи сенздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” ифтитоҳ гардид, ки беш аз 40 ношири дохиливу беруна бо беш аз 5 ҳазор китоб иштирок доранд. Дар намоишгоҳ ба ғайр аз ноширони ватанӣ, ноширон аз Эрон, Русия, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон беҳтарин намунаҳои интишоркардаи худро пешниҳод намудаанд.

Ҳар нашриёт дар ғурфаҳои алоҳида силсилаи китобҳои худро ба маърази тамошо гузошта, бо боздидкунандагон гарм мулоқот мекарданд. 

Дастандаркорон бар ин боваранд, ки намоишгоҳи китоб минбари муҳими муколамаи фарҳангҳо ва муаррифии дастовардҳои адабӣ аст.

Таваҷҷуҳи хонандагони тоҷик ба китобҳои Эрон 

Ғуломризо Тариқӣ, шоири эронӣ, ки масъулияти  ғурфаи Эрон низ ба дӯши ӯ буд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз Эрон 254 китоб бо теъдоди беш аз 500 нусха ба намоишгоҳ овардааст. 

Китобҳои таърихӣ, адабиёти форсӣ, девонҳои шоирони классик, ҳамчунин осори шоирону нависандагони муосири Эрон дар ин радиф буда, қисмеро китобҳои кӯдакона ташкил медиҳанд, ки он ҳам ба ду навъ – бозгӯи осори классикон бо забони андаке сода барои кӯдакон ва осори адибони имрӯзи Эрон аст. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғуломризо Тариқӣ

Ба гуфтаи ӯ, “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсиро Алиасғар Сайиободӣ, ки аз шоирони маъруфи эронӣ аст, дар шаш ҷилд барои кӯдакон бозгӯ кардааст, ки имрӯз гӯшае аз ғурфаи Эронро фаро мегирад. 

Худи Алиасғар Сайиободӣ, ки дар намоишгоҳ ҳузур дошт, гуфт, бо вуҷуди он ки дар Эрон ин шоҳасари Фирдавсӣ борҳо бозгӯ шудааст, аммо ба хотири нокушуда будани баъзе уқдаҳо барои кӯдакон дубора ба ин кор даст зад ва ин китоб дар Эрон хуш истиқбол гардид. 

Масъулини гӯшаи китоби Эрон гуфтанд, хонандагони тоҷик дар намоишгоҳ ба китобҳои Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя, Симини Беҳбаҳонӣ, Фурӯғи Фаррухзод ва осори классикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, чанде аз онҳоро харидорӣ низ кардаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алиасғар Сайидободӣ

Парвиз Қаюмӣ, яке аз боздидкунандагони намоишгоҳ, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, дар назди ғурфаи Эрон китоб саҳфагардон мекард. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, имрӯз аз ин гӯшаи намоишгоҳ 8 китоб харидорӣ кардааст.

Ба нақли ӯ, китобҳои Эрон барояш, ки алоқаманди китоб аст ва шеър ҳам мегӯяд, бисёр ҷолиб буданд ва инҷо китобҳоеро пайдо кардааст, ки ҷустуҷӯ мекард.

“Ба осори Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя таваҷҷуҳ ва алоқаи зиёд дорам, ки имрӯз пайдояш кардам. Ҳамчунин китоби “Растохези калимот”-и Шафеии Кадканӣ, се ҷилди “Маснавии маънавӣ”, китоби “Зан дар “Шоҳнома” ва осори Абдуҷаббор Кокоиро харидорӣ кардам. Мехостам тамоми китобҳоро харам, аммо, мутаассифона чунин имкон надорам”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар гӯшае, ки давлати Чин китобҳояшро ба намоиш гузошта буд, китобҳои Конфутсий, мутафаккир ва файласуфи чинӣ ва дигар адибони ин кишвар бо забони асл ва дар тарҷумаи русӣ пешниҳоди хонандаи тоҷик гардидааст. 

Дар гӯшаи Туркманистон бошад, ба ҷуз китобҳо ба забони худи ин кишвар китоби ашъори Махдумқулӣ Фироқӣ, шоир ва файласуфи маъруф дар тарҷумаи тоҷикӣ дида мешуд, ки чанд адиби тоҷик аз забони туркманӣ тарҷума кардаанд.

Ҳамчунин, ноширони Тоҷикистон низ дар алоҳидагӣ хаймаҳо ороста китобҳои тозанашру баргузидаашонро ба намоиш гузоштаанд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (32)
































Намоишгоҳ дирӯз оғоз гардид ва то пагоҳ, 22-юми октябр идома мекунад. Дар доираи он баргузории чанд чорабинии дигар низ дар назар аст. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, имрӯз дар Осорхонаи миллӣ маҳфили адибони Тоҷикистону Эрон ва Тоҷикистону Русия доир хоҳад шуд.

Бояд гуфт, намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ба ҳукми анъана ворид шуда, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар кишвар баргузор мешавад. Соле пеш ин намоишгоҳ дар пойтахти кишвар бо иштироки намояндагони 7 кишвар доир гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...