Густариш ва гуногунсозии равандҳои муҳоҷират барои муҳоҷирони тоҷик

Варақаи иттилоотӣ

Густариш ва гуногунсозии равандҳои муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳимтарин масоиле буд, ки дар нишасти сеюми Ҷаласаи дипломатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва гуногунсозии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ барои Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ин ҷаласа  бо ибтикори Сафорати Британияи  Кабир дар Тоҷикистон ва ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) доир гардид.

Чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва намояндагони дипломатиро барои баррасии масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ гирди ҳам овард. Иштирокчиён таҷрибаҳои амалкунандаи соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро, аз ҷумла таҷрибаи Ҷумҳурии Кореяро дар самти муҳоҷирати мунтазам ва нерӯи корӣ омӯхтанд.

“Барномаи коргарони мавсимии Британияи Кабир дар самти муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ ҳам барои пешрафти Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои мо, нақши муҳим мебозад. Ҷаласаи дипломатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират форуми бениҳоят муҳим барои гуфтушунид ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати пуштибонии ин ҳадафи муштарак мебошад. Мо ӯҳдадории худро барои ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар густариши равандҳои бехатар ва қонунии муҳоҷират, ҳамзамон мубориза бар зидди фиреб ва истифодаи истисморкунанда, иҷро мекунем,  – гуфт Кэтрин Смиттон, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон.

 

Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъкид кард, ки гуногунсозии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ барои устувории иқтисодиёти Тоҷикистон ва некӯаҳволии шаҳрвандони мо аҳамияти бузург дорад.

“Бо омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва мустаҳкам кардани шарикии дуҷониба, мо метавонем имконотро барои муҳоҷирати бехатар ва арзанда дар хориҷ зиёд кунем ва ба ҳадафҳои миллии рушди кишвар расем”, – зикр кард Норзода.

Чон Сунг Сик, сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон дар бораи таҷрибаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират ва ҳаракати қувваи корӣ суханронӣ кард, ки ин таҷриба нигоҳи Тоҷикистонро барои омӯхтани намудҳои гуногуни моделҳои дуҷониба ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои нав шакл медиҳад.

СБМ лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир”-ро, ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ карда мешавад, бо муваффақият амалӣ месозад. Ин ташаббус ба иштироки бехатари муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Барномаи коргарони мавсимӣ (SWS) дар Британияи Кабир мусоидат мекунад. Лоиҳа аз он ҷумла, ба баланд бардоштани огоҳӣ, гузаронидани омӯзишҳои пеш аз сафар ва машваратҳо тавассути телефони “Хати оҷилӣ”, инчунин ташкил кардани курсҳои забони англисӣ барои муҳоҷирони эҳтимолӣ равона шудааст. Ғайр аз ин, лоиҳа ҳамгироии муҳоҷирони алоҳидаи баргаштаро бо ёрии омӯзишҳои саводнокии молиявӣ ва соҳибкорӣ ва тақдими грантҳои оғозкунанда пуштибонӣ мекунад.

 

“Густариш ва таъмини равандҳои бехатар ва қонунии муҳоҷират аҳамияти ҳалкунанда барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва истифодаи пурраи иқтидори муҳоҷират барои рушд дорад. Ҷаласаи дипломатӣ намуна оид ба муносибати зарурии муштарак дар ҳалли устувори муҳоҷират мебошад, ки манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷомеаҳои онҳоро дар назар дорад”, – таъкид кард Виктор Лутенко, роҳбари СБМ дар Тоҷикистон.

Ҷаласаи дипломатӣ қадами муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ буда, ба гуногунсозии равандҳои муҳоҷират барои муҳоҷирони тоҷик равона шудааст. СБМ ва шариконаш барои муҳоҷирати бехатар ва гуногунсамт ва ҳифзи ҳуқуқ ва имконоти иқтисодӣ барои коргарони тоҷик дар хориҷ талош мекунад.

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ)ташкилоти пешсафи байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад, ки барои таъмини идоракунии инсондӯстона ва мураттаби равандҳои муҳоҷират ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо фаъолият мекунад.

СБМ аз соли 1993 дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро дар самти идоракунии равандҳои муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва рушди устувор дастгирӣ менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.