Дар Самарқанд аввалин вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аввалин вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор шуд. Дар ҷараёни гуфтушунид вазирон масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадаҳо ва табодули таҷрибаро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки густарши ҳамкории мутақобила дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳкими фазои […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аввалин вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид вазирон масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадаҳо ва табодули таҷрибаро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки густарши ҳамкории мутақобила дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳкими фазои эътимод байни кишварҳои минтақа барои суботу амнияти Осиёи Марказӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Дар муроҷиати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби котиби Шӯрои амнияти ин кишвар Виктор Маҳмудов хонда шуд, таъкид гардид, ки муносибатҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба эҳтиром ва эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромада, дар шароити афзоиши таҳдидҳои глобалӣ ба амният аҳммияти хосса касб мекунанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар бораи вохӯрии якуми вазирони мудофаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ протокол ба имзо расид.

Ғайр аз ин, гуфтушунидҳои дуҷонибаи вазири мудофиаи Ӯзбекистон бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Туркманистону Қирғизистон доир гардид. Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ, омодасозии муштараки кадрҳо ва амалисозии ташаббусҳо оид ба таъмини амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки дар тамрингоҳи низомии “Каттақӯрғон-и вилояти Самарқанд” размоиши минтақавии минтақавии “Ягонагӣ-2025” (“Бирлик-2025”) ҷараён дорад, ки дар он воҳидҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доранд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, аллакай аз  рӯзҳои аввали размоиш натиҷаҳои мусбат ҳосил шуда, сатҳи омодагии ҷангӣ ва ҳамкории мутақобила байни артишҳои кишварҳои иштирокчӣ баланд мешавад. Ин размоиш ба таҳкими ваҳдат ва сулҳ дар минтақа, инчунин рушди ҳамкории амалӣ дар соҳаи мудофиа равона шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио