Размоишҳои “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” -и СААД бо ширкати 1500 афсару сарбоз дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар тамрингоҳи “Фахробод”-и Хатлон бо ширкати зиёда аз 1500 афсару сарбоз ва беш аз 200 техникаи ҳарбӣ, размоишҳои муштараки “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” -и Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад.

Маросими ифтитоҳи расмии машқҳо дирӯз, 20-уми октябр баргузор шуд ва дар он Бобоҷон Саидзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СААД, Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СААД, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Зимни ифтитоҳи маросим, Бобоҷон Саидзода гуфт, ки “муқовимати СААД ба таҳдиду бӯҳронҳои гуногун бо назардошти таҳаввулот ҳамеша дар мадди назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои узв қарор дорад".

Ҳамчунин, Имангали Тасмагамбетов зикр кардааст, ки сарони кишварҳои ин созмон ҷиҳати рушди нерӯ ва тавонмандии низоми амнияти дастаҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замон ҳама чораҳои заруриро меандешанд.

“Ҳамчунин таъкид гардид, ки машқҳои дарпешистода ба такмили касбияти ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиётҳои сулҳҷӯёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии саҳроӣ ва ҳамоҳангии контингентҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард”, – гуфта мешавад дар хабари Вазораи дифои Тоҷикистон.

Манбаъ мегӯяд, дар чаҳорчӯби машқҳои навбатӣ бори аввал тамринҳои махсус бо иштироки ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти биологӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД дар шакли омехта бо марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ- “Иттиҳоди зиддитеррористии 2025” баргузор мешаванд. Машқҳои муштарак то 24-уми октябр идома мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки низомиёни кишварҳои узви СААД таҳти унвони “Ҳудуд-2024” (Рубеж-2024) баргузор гардида буд. Дар ин тамринҳо без аз 1500 низомии кишварҳои аъзои ин созмон иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ғайр аз Русия, кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...