Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 21 ОКТЯБР

– Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Дар ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамкории додситониҳои кулли кишварҳои ИДМ баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин, дар доираи ин ҷаласа, мулоқотҳои дуҷонибаи додситонҳои кулли ИДМ дар назар аст.

– Дар Душанбе Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” идома дорад. Аз ҷумла, имрӯз, дар Осорхонаи миллӣ маҳфили адибони Тоҷикистону Эрон ва Тоҷикистону Русия доир хоҳад шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Намоишгоҳ то 22-юми октябр давом карда, дар рафти намоиш китобҳои нашркардаи ноширони дохилу хориҷ муаррифӣ ва пешниҳоди алоқамандони китоб хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дар доираи ин намоишгоҳ, баргузории конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва адабӣ низ дар назар аст.

– Дирӯз дар Тоҷикистон размоишҳои “Бародарии шикастнопазир-2025”-и СААД шуд. Тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир-2025” ва машқҳои махсуси “Монеа-2025, инчунин, размоишҳои зиддитеррористии “Иттиҳоди зиддитеррористӣ – 2025” бо ширкати бархе кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар машқгоҳи “Фахробод”-и Хатлон баргузор мешавад. Он то 24-уми октябр идома меёбад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 ОКТЯБР

Соли 2009 – Дар Душанбе намояндагии Бонки авруосиёии рушд ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Мулугета Зевди, сардори нави намояндагии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2023 – Дар Комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон” корхонаи парандапарварӣ ба фаъолият оғоз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1966 – Мавлуди Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози шинохтаи тоҷик ва ҳамлагари дастаи “Помир”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мӯҳсин Муҳаммадиев

Муҳсин Муҳаммадиев футболбози номдор ва мураббии шинохтаи тоҷик буда, дар дастаҳои дохиливу хориҷӣ собиқаи тӯлонии футболбозиву мураббигиро дорад ва ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст.

Ӯ аз ситораҳои футболи тоҷик дар солҳои 80-уми асри гузашта буда, дар дастаҳои  маъруфе чун “Помир” (Душанбе) ва чандин дастаи дигар ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин мураббӣ ва сармураббии чандин даста, аз ҷумла, тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе буд.

Ахиран хабар расид, ки Муҳсин Муҳаммадиев, ки мудири дастаи “Вахш”-и Бохтар буд, сактаи мағзӣ (инсулт) гирифтааст ва таҳти муолиҷа аст.

Соли 1995 – Мавлуди Некрӯз Ниёзов, овозхон тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Некрӯз Ниёзов

Некрӯз Ниёзов дар хонаводаи мусиқачиён ба дунё омада, коллеҷи санъати шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Бо вуҷуди он ки ӯ хеле барвақт вориди ҷодаи санъат гардида буд, соли 2018 намоҳанги аввалини Некрӯз таҳти унвони “Оҳиста-оҳиста” пахш шуд. Аввалин дуэташро бошад бо Меҳрнигори Рустам бо номи “Рақс бикун” суруд.

Некрӯз Ниёзов 22-юми сентябри соли 2023 дар синни 27-солагӣ бар асари як сонеҳа дар шаҳри Душанбе даргузашт ва 23-юми сентябр ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба хок сипурданд.

Соли 2003 – Гурминҷ Завқибеков, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 74 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гурминҷ Завқибеков

Ӯ Донишкадаи театрию ҳунарии ба номи А. Н. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, солҳои 1943-1946 мусиқинавози дастаи бачагонаи "Помир", солҳои 1946-1950 ҳунарпешаи театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Хоруғ, аз соли 1954 дар Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ нақшҳои барҷастаи асосии қаҳрамонони миллиро бозидааст.

Ӯ дар филмҳои "Дӯсти ман Наврӯзов", "Дохунда", "Вазифаи олӣ", "Чароғ дар кӯҳсор", "Қисмати шоир","Одам пӯсташро иваз мекунад", "Достони Рустам, "Ситора дар тирашаб", "Субҳи нави ҷавонӣ" нақшҳо офаридааст.

Дар Душанбе аз ӯ Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков ҳамчун нишон мондааст. Дар назди осорхона ансамбли фолклорӣ амал мекунад, ки роҳбари он фарзандаш аст.

Соли 2021 – Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, шарқшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ дар 78-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайиднуриддин Шаҳобуддинов

Сайиднуриддин Шаҳобиддинов шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ фориғуттаҳсили шуъбаи арабии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти илмии худро дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ оғоз кардааст. Солҳои зиёд дар Сурия ва Яман ҳамчун тарҷумони низомӣ ва ихтисосӣ кор кардааст.

Шаҳобиддинов дониши амиқи забонҳои арабӣ, русӣ, форсӣ-тоҷикӣ, лотинӣ ва то андозае англисиро дошт. Ӯ тарҷумони чандин асарҳои классикони шарқ буд. Аз ҷумла, тарҷумаи шашҷилдаи "Қонуни тиб"-и Ибни Сино (1991–2005) яке аз корҳои муҳими илмии ӯст. Ҳамчунин "Рисолаи саргузашт" ва "Илоҳиёт"-и Ибни Сино бо таҳқиқу тавзеҳоти ӯ ба нашр расиданд.

Вай ҳамчунин яке аз муҳаррирони масъули тарҷумаи тоҷикии Қуръон (2010) ба шумор мерафт. Осораш саҳми арзандае дар шинохти мероси хаттӣ, фиқҳи исломӣ ва адёни ҷаҳонӣ гузоштааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

21-уми октябри соли 1520 Фернан Магеллан, баҳрнаварди машҳури португалӣ гулӯгоҳеро кашф кард, ки баъдан бо номи гулӯгоҳи Магеллан маъруф гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин кашфиёт давоми саёҳати бузурге сурат гирифт, ки 20-уми сентябри соли 1519 аз бандари Санлукар-де-Баррамеда (Испания) оғоз ёфта буд. 21-уми октябри соли 1520, пас аз беш аз як соли пур аз тӯфон, гуруснагӣ ва шӯришҳо, киштиҳои Магеллан ба гузаргоҳи тангу пурпечутоб расиданд. Он ҷо соҳилҳо аз санг ва қуллаҳои яхпӯш иборат буданд, вале баҳрнавардон ба пеш рафтанд. Ниҳоят, пеши киштии асосӣ уқёнуси ношиносе намоён шуд, ки ором буд ва бо офтоби нармаш баҳрнавардонро пешвоз гирифт. Магеллан онро “Баҳри Ором” номид.

Ин роҳ, ки гузаргоҳи Магеллан ном гирифт, имрӯз яке аз гузаргоҳҳои муҳими баҳрӣ ба шумор меравад, ки уқёнуси Атлантикро бо Уқёнуси Ором мепайвандад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят борон ва барф меборад.  Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º хунук, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гурду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...