Раиси КДАМ: Террористон бо ҷалби муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ ҳалқаҳои хуфта таъсис медиҳанд

Asia-Plus

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми ИДМ оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ дар Душанбе, рӯзи 23-юми октябр изҳор доштааст, ки муҳоҷирони корӣ яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазир боқӣ мемонанд, ки созмонҳои байнулмилалии террористӣ онҳоро дар фазои пасошӯравӣ фаъолона ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир сохторҳои ифротгарои марбут ба ҷинояткории фаромиллӣ ва киберӣ бо таъсиси ҳалқаҳои хуфта дар қаламрави кишварҳои минтақа фаъолияташонро тақвият бахшидаанд.

“Имрӯз созмонҳои террористиву ифротгаро ва ҳалқаҳои хуфтаи онҳо, ки бо ҷинояткриҳои фаромиллӣ ва киберӣ алоқаманданд, барои ноором кардани вазъ дар минтақа фаъол гаштаанд. Тайи солҳои ахир созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар қаламрави давлатҳои минтақа ҳалқаҳои хуфта таъсис медиҳанд. Ҷалби аъзо бештар аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ҳамчун табақаи бештар осебпазир анҷом дода мешавад, ки дар ин раванд аз хусусиятҳои равонии минтақавӣ барои паҳн кардани идеологияи тундгаро ва сиёсисозии ислом истифода мебаранд”, – гуфтааст Ятимов.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки бо мақсади пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои террористиву ифротгаро, мақомоти Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор нафар донишҷӯёнеро, ки дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷа таҳсил мекарданд ва зери таъсири гурӯҳҳои тундгаро қарор доштанд, ба ватан баргардониданд.

“Дар сафи сохторҳои байнулмилалии террористӣ, ки дар Сурия амал мекунанд, зодагони кишварҳои ИДМ низ ҳузур доранд, ки таҷрибаи ҷангии худро такмил медиҳанд”, – илова намудааст раиси КДАМ Тоҷикистон.

Ятимов зикр кардааст, ки барои муқовимат бо чунин таҳдиду чолишҳо ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои “қотеъона ва маҷмӯавӣ” рӯйи даст мегирад.

Конфронс аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Маркази зиддитеррористии ИДМ созмон дода шуд. Дар кори он зиёда аз 150 нафар намояндагони 11 кишвари узви ИДМ, кишварҳои аъзои СҲШ, инчунин як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ, Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, СҲШ ва котиботи СААД ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни конфронс масоили дигаргун гардидани низоми байнулмилалии амният, таъсири омилҳои сиёсиву иқтисоди ва динӣ ба болоравии фаъолмандии террористӣ, инчунин истфиодаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ дар пайгирии таҳдидҳоро баррасӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...