Пахта зиёду абрешим кам: рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли 2025 истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон 2,4 баробар афзуда, ба 247,5 ҳазор тонна расид, лекин ҳаҷми истеҳсоли кирмаки пиллаи абрешим қариб 30% коҳиш ёфта, то 233,4 тонна поин рафт.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии бахши кишоварзии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 58,68 млрд сомониро ташкил дод, ки 8,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин даври соли гузашта аст.

Аз ин миқдор ҳаҷми маҳсулоти рустанипарварӣ 42,78 млрд сомонӣ (+7,5%) ва чорводорӣ – 15,9 млрд сомонӣ (+9,8%)-ро ташкил дод. Дар ин самт саҳми вилоятҳои Хатлон ва Суғд бештар мебошад.

Соли серҳосил барои кишоварзони тоҷик

Бештар аз ҳама пахта истеҳсол шудааст: 2,4 баробар ё то 247,5 ҳазор тонна зиёд шудааст.

Истеҳсоли ангур низ ба таври назаррас зиёд шуда, 251,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 28,2% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Истеҳсоли себ низ ба андозаи қариб 29% афзуда, ба 192,9 ҳазор тонна расид.

Истеҳсоли зардолу ҳам 24,2% зиёд шуда, 321,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин мева аз ҳама бештар ба хориҷ содир мешавад, бахусус аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд.

Дар ин давра зиёда аз 1 млрд дона тухм (57 ҳазор тонна) истеҳсол шудаааст, ки 15,9% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст. Афзоиши назаррас бахусус дар вилояти Суғд ба назар расида, дар он ҷо шумори корхонаҳои парандапарварӣ зиёд шуд.

Ғайр аз ин, ба сурати умум дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева (+16,4%), гӯшти чорвои калони шохдор ва майда (+10,6%) ва зироати хӯрокаи чорво (+8,9%) зиёд шуд.

Ҳосили пилла ва гандум кам шуд

Истеҳсоли на ҳамаи зироатҳо зиёд шуданд. Истеҳсоли кирмаки пилла то 233,4 ҳазор тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ 54,6% аз сатҳи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Ба коҳиши истеҳсол шароити обуҳаво ва камшавии майдони парвариши дарахтони тут таъсир расониданд.

Дар истеҳсоли пиёз низ коҳиши назаррас мушоҳида мешавад. Ҳосили ин сабзавот 588,3 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 26,9% камтар аст.

Истеҳсоли асал 3,7 ҳазор тоннаро ташкил дода, сатҳи коҳиш 12,3%-ро ташкил дод. Занбӯриасалпарварон зикр мекунанд, ки ҳавои нисбатан гарм ва хушксолӣ ба вазъият дар ин соҳа таъсири манфӣ расонидаанд.

Истеҳсоли гандум низ 11,4% кам шуда, ҳосили он 767,7 ҳазор тоннаро ташкил дод. Сабабҳои коҳиш норасоии намнокӣ ва камшавии ҳосилнокӣ дар қитъаҳои ҷудогона зикр мешавад.

Дар ин давра 1,41 млн тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 6,4% камтар нисбат ба соли 2024 аст. Дар истеҳсоли картошка ва сабзавот низ камшавӣ ба қайд гирифта шуда, сатҳи коҳиш мутаносибан 4,4% ва 3,6%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳоло идома дорад ва дар нишондиҳандаҳои боло метавонанд тағйирот сурат гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...