Қирғизистон 107 км марзи худ бо Тоҷикистонро симхор кашидааст. Тошиев мегӯяд, “эҳтимол марзбонон дигар лозим нашаванд”

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

То 25-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 107 километр сим, сутунҳои оҳану бетонӣ ва симхор насб шуда, ҳудуди 143 километр роҳ бунёд шудааст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи оғози симхоркашии сарҳади худ бо Қирғизистон ҳоло хабар надодааст.

Қирғизистон охири моҳи апрели соли ҷорӣ ба симхоркашӣ дар хати марз оғоз карда буд. Тибқи иттилои намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд, ин кишвар нақша дорад, ки то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад.

Чанд моҳ пеш, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта буд, ки барои симхоркашӣ беш аз 200 нафар ва чанд техникаи махсус ҷалб шудаанд.

Ба иттилои номбурда, дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 км буда, дар марҳилаи аввал дар 420 километри хати марз насби симхор ба нақша гирифта шудааст.

Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Манас баргузор шудааст, гуфтааст, ки ба зудӣ ҳузури доимии марзбонӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз миён бардошта мешавад.

Ба гуфтаи Тошиев, президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон талош доранд,  то шароитеро фароҳам оранд, ки шаҳрвандони ду кишвар “танҳо дар дӯстӣ зиндагӣ кунанд”.

 

Ҷузъиёти бештар аз эҳтимоли қатъ кардани фаъолияти марзбонон дар марзи ду кишвар ифшо нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, ниҳоят дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Тафсилоти созишномаи марзиро дар бораи он ки тарафҳо кадом қитъаҳоро иваз карданд, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...