Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад

Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро, ки солҳо баҳсбарангез буду имсол пурра ҳал шуд, симхорпеч мекунад. Корҳо дар ин самт аллакай оғоз шуда, ин кишвар азм дорад, то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад. Дар ин бора хабаргузории “24.kg” бо такя ба хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти ин кишвар дар вилояти Ботканд […]

Asia-Plus

Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро, ки солҳо баҳсбарангез буду имсол пурра ҳал шуд, симхорпеч мекунад. Корҳо дар ин самт аллакай оғоз шуда, ин кишвар азм дорад, то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад.

Дар ин бора хабаргузории “24.kg” бо такя ба хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти ин кишвар дар вилояти Ботканд хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, корҳо оид ба насби симхорҳо дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи Қошмоло аз ҷамоати деҳоти Торт-Гули Боткенд оғоз шудааст.

“Маросими оғози корҳо дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо – сутуни (стелаи) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба таври онлайн иштирок кард”, навиштааст хабаргузорӣ.

Манбаъ гуфтааст, ки “бо мақсади таъмин намудани раванди корҳо дар минтақаи наздимарзӣ, як бошишгоҳи саҳроӣ бунёд карда шуда, техникаи махсус оварда шудааст. Барои зиндагӣ ва хидмати сарбозон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст”.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи оғози корҳои маҳкамкунии сарҳади худ бо Қирғизистон ҳоло хабар надодааст.

Бояд гуфт, ки ба мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон баъди тақрибан чор соли нофаҳмиҳо муяссар шуд, ки дар масъалаи сарҳад тавофуқ ҳосил намуда, “ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ” баргарданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 13-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд. Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Парлумонҳои ҳар ду кишвар рӯзҳои 18-19 март ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.