Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд

Кумитаи баррасии сабабҳои ҳодисаи сӯхтор дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ” дар шаҳри Бандар Аббоси вилояти Ҳурмузгони Эрон натиҷаҳои аввалияи тафтишоти худро эълон карда, гуфтааст, ки сабаби ҳодиса риоя накардани қоидаҳо ва тадбирҳои бехатарӣ мебошад. Хабаргузории “Ирна” аз қавли Вазорати корҳои дохилии Эрон навиштааст, ки сӯхтор шоми 28-уми апрел пурра хомӯш карда шудааст. Аммо Муҳаммад Ошӯрӣ Тозиёнӣ, раиси […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Кумитаи баррасии сабабҳои ҳодисаи сӯхтор дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ” дар шаҳри Бандар Аббоси вилояти Ҳурмузгони Эрон натиҷаҳои аввалияи тафтишоти худро эълон карда, гуфтааст, ки сабаби ҳодиса риоя накардани қоидаҳо ва тадбирҳои бехатарӣ мебошад.

Хабаргузории “Ирна” аз қавли Вазорати корҳои дохилии Эрон навиштааст, ки сӯхтор шоми 28-уми апрел пурра хомӯш карда шудааст. Аммо Муҳаммад Ошӯрӣ Тозиёнӣ, раиси вилояти Ҳурмузгон гуфтааст, ки амалиёти наҷот ва кумаки осебдидагон идома дорад ва эҳтимол поксозии минтақа чанд рӯз давом ёбад.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳол теъдоди ҷонбохтагон дар натиҷаи ин таркиш ба 70 нафар расид, 22 нафар бедараканд ва ҷасади 22 каси дигар шиносоӣ нашудааст. Вай гуфтааст, ки табибон талош доранд ҳувияти ин ҷасадҳоро маълум кунанд.

Қаблан, яке аз фарзияҳо нодуруст нигаҳ доштан ва рафтор бо маводи хатарноки тарканда, ки дар контейнери таркибҳои истеҳсоли сӯзишворӣ барои мушакҳо ҷойгир буд, гуфта мешуд.

Дар пайи инфиҷор дар шаҳри Бандар Аббос дирӯз, 28-уми апрел дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шуда, рӯзи 27-уми апрел дар тамом вилояти Ҳурмузгони ин кишвар давоми се рӯз азои умум эълом шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба ин инфиҷори шадид ба раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Таркиш дар шаҳри Бандар Аббос дар соҳили Халиҷи Форс дар ҷануби Эрон нифирӯзии 26-уми апрел рух дод ва дар пайи он, тибқи маълумоти расмӣ, то ҳол 70 кас фавтида, беш аз 1200 кас маҷруҳ шудаанд. Хисороти молии ин ҳодиса то ҳол эълон нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.