Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд

Дар пайи таркиш дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари “Шаҳид Раҷоӣ” дар Бандар Аббоси Эрон дастикам 4 кас кушта ва беш аз 500 нафари дигар захмӣ шудаанд. Расонаҳои Эрон менависанд, ки таркиш имрӯз, 26-уми апрел, соати 12:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар макони таркиш мақомоти изтирорӣ ва имдодрасони Эрон ҳузур доранд ва ба осебдидагон […]

Asia-Plus

Дар пайи таркиш дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари “Шаҳид Раҷоӣ” дар Бандар Аббоси Эрон дастикам 4 кас кушта ва беш аз 500 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Расонаҳои Эрон менависанд, ки таркиш имрӯз, 26-уми апрел, соати 12:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст.

Дар макони таркиш мақомоти изтирорӣ ва имдодрасони Эрон ҳузур доранд ва ба осебдидагон кӯмак мерасонанд. Мақомоти ин кишвар аз сокинон хостанд, барои осебдидагон хун биспоранд.

Ҳамчунин, оташнишонҳо бо истифода аз чархболҳо дар ҳоли хомӯш кардани оташ ҳастанд ва дуди ғализ осмони бахши ғарби шаҳри Бандар Аббосро пӯшонидааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, шиддати таркиш ба ҳадде буд, ки шишаҳои биноҳо дар чандкилометрии маҳали ҳодиса фурӯ рехтанд ва замин ба ларза даромад.

 

Сабабҳои таркиш ҳоло таҳқиқ мешавад ва мақомоти Эрон дар ин бора мушаххасан иттилое ироа накардаанд.

Расонаиҳои эронӣ менависанд, сарчашмаи эҳтимолии таркиш, анбори колоҳои хатарнок ва маводи химиявӣ дар ин бандар метавонад бошад.

Бандари Раҷоӣ дар наздикии Бандар Аббос, яке аз марказҳои аслии боркашонии контейнерии Эрон ва ҳамчунин дорои анборҳои нафт ва таъсисоти петрохимиявӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.