“Олам – гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумон, ба ҳукумат дастур дод, ки “ҳамаи имконот ба он равона карда шавад, то ки дар панҷ соли минбаъда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ зиёда аз 1,4 млн ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд”. Ин ба ҳисоби миёна дар як сол 280 ҳазор ҷойи корӣ аст. Ба гуфтаи президент, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумон, ба ҳукумат дастур дод, ки “ҳамаи имконот ба он равона карда шавад, то ки дар панҷ соли минбаъда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ зиёда аз 1,4 млн ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд”. Ин ба ҳисоби миёна дар як сол 280 ҳазор ҷойи корӣ аст.

Ба гуфтаи президент, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод 4,1 млн ҷойи корӣ таъсис ва барқарор карда шудааст. Яъне ҳар сол дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 124,4 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Қаблан президент дар бораи шумори нисбатан камтари таъсиси ҷойҳои нави корӣ (зиёда аз 100 ҳазор дар як сол) дастур дода буд.

 

Чӣ дорем?

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, тайи 10 соли ахир (солҳои 2015-2024) дар кишвар ҳудуди 1,9 млн ҷойи нави корӣ (ба ҳисоби миёна қариб 190 ҳазор дар як сол) таъсис дода шудааст.

Аз ҷумла, соли 2024 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 247,1 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Беш аз 69,7 ҳазор аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ (бо назардошти ҷойҳои кории барқароршуда) ва зиёда аз 177,4 ҳазор аз ҷониби шахсони воқеӣ.

Шахсони ҳуқуқӣ дар соҳаҳои зерин ҷойҳои корӣ таъсис доданд:

– маориф – 15 714 ҷой;

– саноати коркард – 12 778 ҷой;

– сохтмон – 8 596 ҷой;

– кишоварзӣ – 4 738 ҷой;

– савдо – 4 273 ҷой.

Ҳудуди 20% аз ҷойҳои кории таъсисёфта аз ҷониби шахсони воқеӣ ба соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда (ҳудуди 16,6 ҳазор), бо шаҳодатнома коркунанда (наздики 12,9 ҳазор) ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (5,6 ҳазор) рост меояд.

Қисми бештари ҷойҳои кории таъсисёфта аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли гузашта (80,2%) ба “хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва иҷрои кор дар хонаводаҳо бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ” рост меояд. Ин ҷо сухан  сари занҳои хонашину мардони хонаводаҳое меравад, ки кироя кор намекунанд ва хоҷагии хонаводаи худро пеш мебаранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта ҳудуди 142,4 ҳазор чунин “ҷойҳои нави корӣ” таъсис дода шудааст, ки ба 57,6% дар шумораи умумии ҷойҳои таъсисёфта дар соли 2024 (аз ҷониби ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ) баробар аст.

 

Дар ҳамин ҳол, соли 2024 зиёда аз 58 ҳазор ҷойҳои корӣ барҳам ё ихтисор карда шудааст, аз ҷумла беш аз 32,7 ҳазор- аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва беш аз 25,4 ҳазор аз ҷониби шахсони воқеӣ.

 

 

Мухолифатҳо

Маълумоти оморӣ оид ба ҷойҳои нави корӣ бо маълумот дар бораи афзоиши аҳолӣ, шумораи аҳолии фаъол ва бекорӣ мувофиқат намекунанд.

Ба ин тариқ, теъдоди аҳолӣ тайи 10 соли охир ба 1 млн 951,2 ҳазор нафар (22,8%) зиёд шудааст. Яъне, афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ зиёда аз 195 ҳазор нафар (2,3%)-ро ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар фазои пасошӯравӣ ва яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст.

Тавре ки дар боло зикр шуд, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1,9 млн ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст (ба ҳисоби миёна қариб 190 ҳазор дар як сол). 

Саволе ба миён меояд, ки чаро боз ҳам бештар ҷойи корӣ таъсис додан лозим аст, агар онҳо аллакай дар як сатҳ бо афзоиши аҳолӣ қарор дошта бошанд ва ин ҳам онҳо дар шароити кунунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз ҷониби шахсони хусусӣ таъсис дода мешаванд ва коре кардан барои мансабдорон ин ҷо душвор аст.

Илова бар ин, шумори ҷойҳои корӣ ба теъдоди аҳолии бо кор таъмин ва бекорон (қувваи корӣ) мувофиқат намекунад. Теъдоди афроди бо шуғл таъмин дар ин 10 сол 400 ҳазор нафар афзуда, теъдоди бекорони расман сабтшуда қариб бетағйир боқӣ мемонад (51,1 ҳазор дар соли 2015 ва 51,4 ҳазор – дар соли 2024).

 

Ҳамаи гап сари пул аст

Дар ҳамин ҳол, аксарияти муҳоҷирони кории тоҷик ватанро на барои набудани ҷойи кор, балки барои маоши пасти он тарк мекунанд.

Расман маоши миёна дар ҷумҳурӣ то аввали соли ҷорӣ 2960 сомонӣ (270 доллар) ва маоши ҳадди ақалл (минималӣ) – 800 сомонӣ (73 доллар)-ро ташкил дод.

Маълум аст, ки бо чунин сатҳи музди меҳнат таъмини рӯзгор ҳатто бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал хеле душвор аст.

Тоҷикистон кишваре бо маоши пасттарин дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ин минтақа дар навбати худ, ба минтақае бо рушди заиф мансуб аст.

Аввали соли равон Агентии радабандии Ranking.kz бо истинод ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ хабар дод, ки маоши миёна дар Қазоқистон 817 доллар, Ӯзбекистон – 438 доллар ва Қирғизистон – 411 долларро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати миёна дар Русия, ки самти асосии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ҳудуди 1,1 ҳазор доларро ташкил медиҳад, ки 4 баробар зиёдтар нисбат ба Тоҷикистон аст.

Тибқи маълумоти гуногун, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ҳудуди 600 ҳазор (тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Тоҷикистон) то 1, 5 млн (маълумоте, ки мақомоти Русия ироа мекунанд) нафарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.