Қамчибек Тошиев гуфт, 25 км сарҳад бо Тоҷикистонро симхор кашидаанд

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва ҳамраиси ҳайати Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтааст, насби симхор дар хати марз бо Тоҷикистон дар масофаи 25 км ба поён расидааст ва агар ба корҳо суръати бештар бахшида шавад, то охири сол ба анҷом мерасад. Навори суҳбати ӯро сомонаи "Govori.tv" бо забони қирғизӣ нашр […]

Asia-Plus

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва ҳамраиси ҳайати Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтааст, насби симхор дар хати марз бо Тоҷикистон дар масофаи 25 км ба поён расидааст ва агар ба корҳо суръати бештар бахшида шавад, то охири сол ба анҷом мерасад.

Навори суҳбати ӯро сомонаи "Govori.tv" бо забони қирғизӣ нашр кардааст.

“Агар суръатро бештар кунем, умедворам, ки то охири сол корро анҷом медиҳем. Агар фурсат нарасад, пас то баҳор анҷом хоҳад ёфт”, – гуфтааст Қамчибек Ташиев.

Вай гуфтааст, ки барои симхоркашӣ беш аз 200 нафар ва чанд техникаи махсус ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал насби симхор дар 420 километри хати марз ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои номбурда, дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 км аст.

Қаблан, охири моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳои ин кишвар аз оғози симхоркашӣ дар хати марз хабар дода, гуфта буданд, Қирғизистон нақша дорад, ки то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад.

Ба навиштаи манбаъ, насби симхорҳо дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи Қошмоло аз ҷамоати деҳоти Торт-Гули Боткенд оғоз шуда буд.

“Маросими оғози корҳо дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо – сутуни (стелаи) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба таври онлайн иштирок кард”, – навишта буд манбаъ.

Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳи расмӣ надодааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо дар масъалаи сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.