Ҷаҳонгарди тоҷик парчами Тоҷикистонро дар Антарктида парафшон кард

Шарифбек Давлатов, ҷаҳонгарди тоҷик то қитъаи Антарктида расида, парчами Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини ин минтақаи яхбаста парафшон кардааст. Ӯ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Шарифбек Давлатов ба ин қитъа сафар карда, бо таъкиди идеяи ваҳдати минтақавӣ дар баробари парчами Тоҷикистон ҳамзамон парчамҳои кишвраҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистонро низ парафшон кард.   Намояндаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шарифбек Давлатов, ҷаҳонгарди тоҷик то қитъаи Антарктида расида, парчами Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини ин минтақаи яхбаста парафшон кардааст.

Ӯ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Шарифбек Давлатов ба ин қитъа сафар карда, бо таъкиди идеяи ваҳдати минтақавӣ дар баробари парчами Тоҷикистон ҳамзамон парчамҳои кишвраҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистонро низ парафшон кард.

 

Намояндаи ин ҷаҳонгард дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз номи ӯ гуфт, роҳ ба сӯйи Антарктида осону содда набуд:

“Барои расидан ба қитъаи сардтарин маро лозим омад, ки якчанд кишварҳои қитъаи Амрикои Лотиниро гузарам. Пас аз ин ман ба Антарктида расида, тариқи киштӣ чор рӯз дар уқёнус саёҳат кардам”, – гуфтааст ӯ.

Ҳангоми саёҳат ӯ шахсан бо оқибатҳои тағйироти иқлим аз наздик ошно гардида, тасмим гирифтааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи босуръат обшавии пиряхҳо ҷалб кунад.

“Дар Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо ин иқдом бахусус муҳим аст. Ин иқдом аҳамияти хосса дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ парчами мо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ҳатто қариб 7 моҳ дар кайҳон парафшон шуд. Ҳамаи ин манбаи ифтихори миллӣ, рамзи ваҳдат ва ифтихору сарбаландии мост”, – гуфтааст ӯ.

Тибқи иттилои расмӣ, аз 14 ҳазор пиряхҳое, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, зиёда аз 1 ҳазораш пурра об шудааст.

Шарифбек Давлатов то ин дам аз 106 кишгвари саросари дунё боздид намуда, дар ҳар кадоме аз онҳо парчами Тоҷикистон парафшон намудааст. Ҳадафи аслии ӯ, тарғибу ташвиқ ва муаррифии таъриху фарҳанги ниёгон, роҳандозии муколама бо мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад.

Ӯ мегӯяд, ҳар куҷое буд, дар даст Парчами Тоҷикистон ва аксҳои манзараҳои нотакрори кишварро дошт, то ки онро ба хориҷиён нишон дода, сарзамини аҷдодиашро муаррифӣ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.