Соли оянда арзиши патент барои муҳоҷирон дар Маскав ҳам боло меравад

Asia-Plus

Вакилони Думаи шаҳри Маскав то ба 10 ҳазор рубл баланд бардоштани арзиши иҷозатномаи корӣ ё худ “патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин шаҳрро пуштибонӣ кардаанд. Ҳоло арзиши патент дар ин шаҳр 8,9 ҳазор рубл аст.

Хабаргузории “Интерфакс” менависад, ки Даря Мурченко, муовини сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав ва сардори Раёсати таҳлили андоз дар ҷаласаи рӯзи 1-уми ноябри соли равон гуфт, ки “коэффисиенти минтақавӣ ҳар сол аз нав ҳисоб мешавад, то ки маблағи пардохти патент тағйироти музди миёнаи меҳнатро дар шаҳр инъикос намояд.”.

“Имсол пешниҳод шудааст, ки коэффисиенти минтақавӣ тавре муқаррар карда шавад, ки арзиши патент аз 8 900 то 10 ҳазор рубл дар як моҳ зиёд гардад. Барои ин, лозим аст, ки коэффисиенти минтақавӣ дар сатҳи 2,9323 муқаррар карда шавад. Афзоиши арзиши патент ба баробар гардидани бори андозии муҳоҷирон бо бори андозии шаҳрвандони Русия мусоидат хоҳад кард”, – гуфтааст Даря Мурченко.

Қаблан, ин масъала дар Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Думаи шаҳри Маскав мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ин ниҳод тарҳи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба баъзе қонунҳо дар бахши андозро, ки яке аз нуктаҳои он зиёд кардани боҷи “патент” барои шаҳрвандони хориҷӣ буд, ба маҷлис пешниҳод кард.

Маскав ягона минтақае нест, ки аз соли 2026 арзиши патнет барои муҳоҷирон дар он гарон мешавад. Дар чанд минтақаи дигари Русия аз 1-уми январи соли 2026 арзиши патент боло меравад. Аз ҷумла, нархи патент дар вилояти Тюмен 11 ҳазору 471 рубл (ҳоло 9 ҳазору 385), дар минтақаи Камчатка то 13 ҳазору 800 рубл (ҳоло 9 ҳазор рубл), дар вилояти Иркутс 12 ҳазор рубл (ҳоло 11 ҳазор рубл), дар Санк-Петербург ва вилояти Ленинград 8 ҳазор рубл (ҳоло 6 ҳазор рубл) мешавад. 

Нархи патент барои иҷозаи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Новосибирск низ то 10 ҳазору 860 рубл баланд карда мешавад, ки нисбат ба соли 2025-ум 11% (2954 рубл) бештар аст. Дар Краснадар арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 59% афзуда, нархи иҷозаи кор дар ин минтақа 27 ҳазор рубл хоҳад шуд.

Мақомоти бархе шаҳру ноҳияҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо баланд кардани нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ, буҷети вилоятҳо бештар мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун ба таври назаррас нарх боло бурда мешавад.  

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2025 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...