Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Афсонаи Заргӯшак ва Рӯбоҳ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш, дар толори ошёнаи якуми театр “Шоу-консерт бо лӯхтакҳо” баргузор мешавад. Вуруд ба намоиш ройгон аст, аммо ҷойҳоро пешакӣ тавассути сомонаи Ticketon.tj бояд фармоиш дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Заводи пахтатозакунии Кӯлоб ба истифода дода шуд

Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе мошини хидматии Раҷабалӣ Раҳмоналиев, фармондеҳи вақти Гвардияи миллӣ таркид.

Соли 2009 – Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи авф”-ро қабул намуд.

Соли 2016 – Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии “Нигоҳ” аз қатъи фаъолияти худ хабар дод. Муассиси он бо пахши изҳорот расман эълон кард, ки “бино ба адами мавҷудияти шароити лозим” маҷбур аст, нашри ҳафтаномаро боздорад. “Нигоҳ” дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2017 – Шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод созишномаи бародаршаҳрӣ имзо карданд.

Соли 2023 – Тоҷикистон ва Русия ба маблағи 250 миллион рубл созишнома дар бораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар  имзо карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Зодрӯзи Самад Ғанӣ, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Самад Ғанӣ

Самад Ғанӣ хатмкардаи Дорулмуаллимини Самарқанд ва курси ходимони молияи Тошканд буда, таҳсилашро дар мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дод. Фаъолияти эҷодию журналистии ӯ аз солҳои 1930 оғоз ёфт. Дар давраи фаъолияташ муҳаррири як қатор нашрияҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх" ва моҳномаи ҳаҷвии "Хорпуштак" буд.

Номбурда на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи тавоно ва драматурги шинохта низ маҳсуб меёбад. Ӯ муаллифи як силсила асарҳои саҳнавӣ ва ҳаҷвист, ки дар байни онҳо драмаҳои "Ғалаба", "Ватандӯстон", "Тӯй" ва "Виҷдон" ҷойгоҳи махсус доранд. Бисёре аз ин асарҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.

Самад Ғанӣ ҳамзамон тарҷумони асарҳои муаллифони маъруфи хориҷӣ низ буд. Дар жанри ҳаҷв низ ӯ мавқеи хос дошт. Китобҳои ҳаҷвии ӯ, ба мисли "Гули хандон", "Мавҷи шӯх" ва "Арвоҳ" дар ҷомеа маъруф буданд.

Самад Ғанӣ 7-уми апрели соли 1974 дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1938 – Мавлуди  Амрияздон Алимардонов, адабиётшинос ва шарқшиноси тоҷик.

Соли 1941 – Зодрӯзи Абдулбашир Рашидов, ходими давлатӣ ва донишманди тоҷик, вазири маорифи халқи Тоҷикистони шӯравӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулбашир Рашидов

Абдулбашир Рашидов аз ҷумлаи он нафароне буд, ки тамоми ҳаёташро ба таҳсил ва тарбияи насли ҷавон бахшид. Мисли бисёр кӯдакони солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ӯ бе падар ба воя расида, аз кӯдакӣ талош мекард, то бо меҳнат ва дониш роҳи зиндагиро боз кунад. Вай дар зодгоҳаш маълумоти ҳафтсола гирифта, соли 1960 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм кардааст.

Дар давоми фаъолияти худ Рашидов ба зинаҳои баланди хизматӣ расид ва солҳои 1986–1988 вазири маорифи халқи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Ӯ на танҳо ходими давлатӣ, балки файласуфи донишманд низ буд. Асарҳо ва мақолаҳои илмии ӯ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фалсафаи маърифат бахшида шудаанд.

Ӯ 22-юми апрели соли 2006 дар шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Ҳасан Юсуфи Файзбахш, рӯзноманигор, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳасан Юсуфи Файзбахш

Ҳасан Юсуфи Файзбахш хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар соҳаи рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.

Ӯ бо пажӯҳишҳои худ дар бораи ҳаёт ва осори шоири мардумӣ Карим Девона шинохта шудааст. Ӯ дар мақолаҳои таҳлилӣ ва адабию публитсистии худ, ба монанди "Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагони ман", "Валлай, шудӣ армонӣ", "Эътирофи хатои худ мардонагист", муҳаббати худро ба шеъри пурэҳсос ва зиндагиномаи ин шоири халқӣ баён кардааст. Баъзе аз ин мақолаҳо баъдан дар шакли рисолаҳои алоҳида ба нашр расиданд.

Ӯ муаллифи беш аз 500 ҳикоя, очерк, асарҳои саҳнавӣ ва мақолаҳои публитсистӣ буда, илова бар ин, 19 китоби таърихӣ, илмӣ-оммавӣ ва адабӣ-бадеӣ нашр кардааст. Аз рӯйи баъзе асарҳои ӯ намоишномаҳо рӯи саҳна омадаанд ва барномаҳои садою симо низ таҳия шудаанд.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш моҳи апрели соли 2025 даргузашт.

Соли 2009 – Зоҳир Аҳрорӣ, адабиётшинос ва шарқшиноси тоҷик дар 79-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зоҳир Аҳрорӣ

Зоҳир Аҳрорӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, дар ҳавзаи адабиёт ва шарқшиносӣ фаъолияти илмӣ анҷом додааст. Ӯ ба унвони ходими илмӣ ва муҳаққиқ дар муассисаҳои гуногуни илмию таълимии Тоҷикистон, аз ҷумла Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ фаъолият карда, дар бораи адабиёти тоҷик ва шарқ таълифот ва тадқиқоти зиёд анҷом додааст.

Ӯ матни интиқодии “Шоҳнома”-и Фирдавсиро таълифу тадвин кардааст. Таҳияи “Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома” ва “Андарзнома”-и Фирдавсӣ” низ аз ҷумлаи хизматҳои арзандаи Аҳрорӣ маҳсуб меёбанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хотима додан ба беҷазо мондани ҷиноятҳо алайҳи рӯзноманигорон аст. Ин сана соли 2013 бо қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳолатҳоест, ки дар онҳо рӯзноманигорон барои адои вазифаи касбии худ мавриди таҳдид, зӯроварӣ ва ҳатто қатл қарор мегиранд, вале ҷинояткорон беҷазо мемонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯз ба хотири ду рӯзноманигори фаронсавӣ – Гислен Дюпон ва Клод Верлон интихоб шудааст, ки рӯзи 2-юми ноябри соли 2013 ҳангоми иҷрои вазифа дар кишвари Малӣ рабуда ва аз ҷониби ҷангҷӯён кушта шуданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 НОЯБРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва хокбориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 14+16º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...