Аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ. Дар Суғд 60 зан соҳиби гранти раиси вилоят шуданд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар умум, 105 зан лоиҳаи худро пешниҳод карданд, ки аз ин 60 зан соҳиби гранти раиси вилоят шудаанд. Маблағи умумии грант 420 ҳазор сомонӣ аст.

Маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Суғд рӯзи 3-юми ноябр дар ҳукумати вилоят баргузор гардид.

Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд гуфт, тибқи хулосаи ҳакамон, ба 15 зан дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 зани дигар 8 ҳазор сомонӣ ва 30 зан 5 ҳазор сомонигӣ гранти раиси вилоят дода шуд. Онҳо ният доранд, ки "бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд".

“Озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд”- гуфт ин масуъули ҳукумати Суғд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, соли равон, 39 зан аз Суғд бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби гранти президентӣ гардиданд.

Муяссара Мавлонӣ гуфт, тибқи қарори нави раиси вилояти Суғд маблағи грант барои занони соҳибкор дар солҳои 2026-2030 аз 420 ҳазор ба 560 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Ин аст, ки аз соли 2026 ба 80 зан гранти раиси вилоят дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд соли 2010 ҷорӣ шуда, 15 сол боз ба занҳои ҳунарманди Суғд дода мешавад. Соли гузашта 60 зан соҳиби он шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...