Аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ. Дар Суғд 60 зан соҳиби гранти раиси вилоят шуданд

Дар умум, 105 зан лоиҳаи худро пешниҳод карданд, ки аз ин 60 зан соҳиби гранти раиси вилоят шудаанд. Маблағи умумии грант 420 ҳазор сомонӣ аст. Маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Суғд рӯзи 3-юми ноябр дар ҳукумати вилоят баргузор гардид. Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд гуфт, тибқи хулосаи ҳакамон, ба 15 зан дар ҳаҷми 10 […]

Дар умум, 105 зан лоиҳаи худро пешниҳод карданд, ки аз ин 60 зан соҳиби гранти раиси вилоят шудаанд. Маблағи умумии грант 420 ҳазор сомонӣ аст.

Маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Суғд рӯзи 3-юми ноябр дар ҳукумати вилоят баргузор гардид.

Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд гуфт, тибқи хулосаи ҳакамон, ба 15 зан дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 зани дигар 8 ҳазор сомонӣ ва 30 зан 5 ҳазор сомонигӣ гранти раиси вилоят дода шуд. Онҳо ният доранд, ки "бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд".

“Озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд”- гуфт ин масуъули ҳукумати Суғд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, соли равон, 39 зан аз Суғд бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби гранти президентӣ гардиданд.

Муяссара Мавлонӣ гуфт, тибқи қарори нави раиси вилояти Суғд маблағи грант барои занони соҳибкор дар солҳои 2026-2030 аз 420 ҳазор ба 560 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Ин аст, ки аз соли 2026 ба 80 зан гранти раиси вилоят дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд соли 2010 ҷорӣ шуда, 15 сол боз ба занҳои ҳунарманди Суғд дода мешавад. Соли гузашта 60 зан соҳиби он шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.