ВКД Русия гуфт, хуруҷ ва вуруди такрорӣ аз сарҳад будубошро қонунӣ намекунад

Asia-Plus

"Шаҳрвандони хориҷӣ гумон мекунанд, ки тариқи хориҷ шудан аз Русия ва сипас баргаштан ба кишвар, метавонанд мақоми муҳоҷирати худро нав созанд ва муҳлати будубошро дароз кунанд. Ин ақида хато аст". Ин нуктаро хабаргузории "ТАСС" бо истинод ба Раёсати муҳоҷирати ВКД Русия навиштааст.

Аз ин ниҳод гуфтаанд, ки муҳлати ниҳоии будубош дар Русия барои шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид, 90 рӯз дар як сол мебошад. Шахсоне, ки ин меъёрро риоя намекунанд, бояд ба рӯйхати шахсони таҳти назорати ВКД ё "рӯйхати сиёҳ"-и  Русия шомил шаванд.

Ҳамчунин, зикр шудааст, ки муҳоҷир аз замони шомил гардидан ба рӯйхат ва ҷойгир кардани маълумоташ дар сомонаи ВКД Русия огоҳшуда шуморида мешавад.

Рӯйхати шахсони таҳти назорат дар Русия аз 5-уми феврали соли 2025 ҷорӣ шуд. Ба он ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои ҳузур дар қаламрави кишвар асосҳои қонунӣ надоранд, шомил карда мешаванд.

Муҳоҷирони дар руйхат қарордошта бо як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла истифодаи кортҳои бонкӣ ва идоракунии воситаи нақлиёт, бастани ақди никоҳ ва ҷудо шудан аз ҳамсар, маҳдудияти таҳсили фарзандонашон дар мактаб ва кӯдакисто дучор мешаванд.

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Гузаронидани рейдҳо дар Русия дар як соли охир хеле зиёд шудааст. Мақомоти ин кишвар бо шеваҳои гуногун ба муҳоҷирон фишор меоранд, аз рейдҳо дар кӯча то тафтиши ҷойҳои истиқомат ва корхонаҳо. Ин рейдҳо одатан дар қолаби амалиётҳои “боздоштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва дар аксар ҳолат таҳқиромез гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...