Ҳунармандони тоҷик дар Вашингтон ва Ню-Йорк консерт медиҳанд

Рӯзи 7-уми ноябри соли равон дар шаҳри Вашингтони Амрико бо иштироки ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо номи “Овози Тоҷикистон: танине аз дил” шоми мусиқӣ баргузор мешавад. Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Амрико, консерт соати 18:30 дар толори консертии “Lisner Auditorium”-и Вашингтон доир мегардад. Аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар ин консерт 10 сарояндаи маъруфи тоҷик […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Рӯзи 7-уми ноябри соли равон дар шаҳри Вашингтони Амрико бо иштироки ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо номи “Овози Тоҷикистон: танине аз дил” шоми мусиқӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Амрико, консерт соати 18:30 дар толори консертии “Lisner Auditorium”-и Вашингтон доир мегардад.

Аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар ин консерт 10 сарояндаи маъруфи тоҷик ширкат мекунанд:

– Исмоил Назриев;

– Соҳиб Назриев;

– Таҳмина Ниёзова;

– Фотима Машрабова;

– Нозияи Кароматулло;

– Нигина Амонқулова;

– Лоиқ Холов;

– Фаррух Ҳасанов;

– Чоршанбе Аловатов;

– Фирдавс Ҳошимов.

Ҳамчунин, дастаҳои рақсии “Гулрез” ва “Зебо”, инчунин, 6 мутриби созҳои миллӣ дар ин шоми мусиқӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои ин ниҳод, ба ғайр аз ин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад, ки Сафарбек Ҷобиров, ҷонишини раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон масъули ин гӯша аст. Ҳамчунин, намоиши либосҳои миллӣ дар назар буда, Хуршед Сатторов бо либосҳои офаридааш ширкат меварзад.

Манбаъ гуфт, дар назар аст, ки консерти мазкур рӯзи 9-уми ноябри дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир гардад. Аммо маълум нест, ки консерт дар Ню-Йорк саоти чанд ва дар кадом толор мегузарад.

Бояд гуфт, вуруд ба шоми мусиқӣ ройгон аст, аммо пешакӣ тавассути пойгоҳи "Eventbrite” бояд сабтином кард.

Ёдрас мешавем, ки ин аввалин консерти ҳунармандони тоҷик дар хориҷа нест. Пештар аз ин низ ҳунармандони тоҷик борҳо ба консертҳои ҷаҳонӣ даъват шуда, ҳунарнамоӣ кардаанд.

Моҳи июни имсол як гурӯҳ ҳунармандони тоҷик ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар консерти Оркестри Фиралмонияи Порис-Шарқ бо дирижёрии Ораши Фӯлодманд иштирок карданд. Пештар аз ин Нигина Амонқулова ва Меҳринигори Рустам низ бо ин оркестр таронаҳо иҷро намуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.