Мақомот мегӯянд, хонаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи Рашту Тоҷикободро пурра сохта, ба сокинон додаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дода буд, ки хонаҳои аз заминларзаи моҳи апрели соли равон осебдидаи Рашту Тоҷикободро то 1-уми ноябр пурра сохта, ба истифода диҳанд. "Азия-Плюс" иҷрои ин супоришро аз масъулин ва худи сокинони зарардида пурсид. Дар пайи заминҷунбии моҳи апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум, 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва садҳо хонаи дигар қисман […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дода буд, ки хонаҳои аз заминларзаи моҳи апрели соли равон осебдидаи Рашту Тоҷикободро то 1-уми ноябр пурра сохта, ба истифода диҳанд. "Азия-Плюс" иҷрои ин супоришро аз масъулин ва худи сокинони зарардида пурсид.

Дар пайи заминҷунбии моҳи апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум, 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва садҳо хонаи дигар қисман хароб ва осеби сабук дида буданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бунёди хонаҳои зарардида дар ноҳияи Рашт 26-уми октябр ва дар ноҳияи Тоҷикобод 27-уми октябр пурра ба анҷом расидааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, 116 хонаи зарардида дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳичборак, Аскалон ва Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт пурра ба итмом расида, ҳамчунин, 164 хона дар ҷамоатҳои Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ дар ноҳияи Тоҷикобод пурра бунёд шуда, ба соҳибонашон супорида шудаанд.

 

Сокинон чӣ мегӯянд?

Сокинони Тоҷикобод низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки хонаҳое, ки пурра хароб гардида буданд, комилан азнавсозӣ шуда, ба соҳибонашон дода шудаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, нафароне, ки хонаҳояшон қисман хароб гардида буд, танҳо масолеҳи сохтмонӣ гирифтанду хонаҳоро бояд худашон созанд.

“Ба нафароне, ки дар рӯйхати 50-фоизаҳо буданд, танҳо масолеҳи сохтмониро доданд ва ҳар соҳибхона худаш сохта истодааст. Баъзе одамон тамом карданд, баъзеҳо не. Онҳое, ки қувваи корӣ надоранд ё дар муҳоҷират буданд, ҳанӯз сохта истодаанд”, – гуфт яке аз сокинони деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод.

Дар ҳамин ҳол, аз КҲФ гуфтанд, ҳам хонаҳое, ки пурра ва ҳам қисман зарар дида буданд, аз ҷониби давлат бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин ва азнавсозӣ шудаанд.

Баъзе сокинони дигари деҳаи Бӯстони Тоҷикобод мегӯянд, бо вуҷуди хароб шудани хонаҳояшон кӯмаке нагирифтаанд ва манзилашон ба рӯйхати зарардидаҳо ворид накарданд.

Ба гуфтаи яке аз сокинони деҳаи Бӯстони Тоҷикобод, дар натиҷаи заминларза хонааш якпаҳлӯ гашта буд, аммо ҳангоми барӯйхатгирӣ “ягон девораш ба замин наафтодааст” гуфта, хонаи ӯро ба рӯйхати зарардидаҳо ворид накардаанд ва танҳо 2 ҳазору 500 сомонӣ кӯмакпулӣ додаанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ин хона имкони зиндагӣ кардан набуд, бинобар ин “як хонаи чӯбӣ рост кардааст, ки ҳоло оилааш онҷо зиндагӣ дорад ва худаш дар Душанбе дар сохтмон кор мекунад”.

Бояд гуфт, дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дида буданд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфта буд.

КҲФ гуфта буд, зарари заминларза дар умум беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила зарар дидаанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” низ баъди заминларза ба ин минтақа сафар карда, бо сокинони Рашту Тоҷикобод суҳбат ва аз рафти сохтмон боздид карда буд. Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз хонаҳои зарардидаи сокинони ин минтақа дар ин пайванд  мутолиа кунед: Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио