Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд

Расонаҳои Афғонистон аз сафари “як ҳайати баландрутбаи Тоҷикистон” ба Кобул хабар додаанд. Ба гузориши хабаргузории “Бохтар”, ки вобастаи ҳукумати Толибон* аст, ин ҳайат аз намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, ниҳодҳои амниятӣ ва дигар мақомоти муҳими Тоҷикистон иборат буда, имрӯз, 15-уми ноябр, вориди Кобул шудааст. Ин расона навиштааст, ҳадафи сафари ин ҳайат “густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва […]

Asia-Plus

Расонаҳои Афғонистон аз сафари “як ҳайати баландрутбаи Тоҷикистон” ба Кобул хабар додаанд. Ба гузориши хабаргузории “Бохтар”, ки вобастаи ҳукумати Толибон* аст, ин ҳайат аз намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, ниҳодҳои амниятӣ ва дигар мақомоти муҳими Тоҷикистон иборат буда, имрӯз, 15-уми ноябр, вориди Кобул шудааст.

Ин расона навиштааст, ҳадафи сафари ин ҳайат “густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Аморати исломии Афғонистон (Толибон ҳукуматашонро чунин меноманд, – АП) аст”.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Толибон “дар бораи ҳамкориҳо, пуружаҳои муштарак ва таомули минтақаӣ баҳсҳои муфассал” анҷом диҳанд.

Манбаъ афзудааст, ки гуфтугӯ дар бораи фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе аз мавзуъҳои дигари ин дидор аст.

Хабаргузории “Бохтар” сафари намояндаҳои Тоҷикистонро “тағйири рӯйкард” дар қиболи Толибон унвон кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид то кунун изҳори назаре накардаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои афғонистонӣ чор рӯз пеш аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз гузориш дода буданд. Гуфта мешавад, ин ҳайат бо даъвати Толибон ба Қундуз рафта, бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят дидор кардааст.

Ба навиштаи “Афғонистон интернешнл”, дар ин ҷаласа масъулони амниятӣ, истихборотӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии ду тараф ширкат карда, илова бар масоили иқтисодиву амниятӣ, дар мавриди судури раводид ва хадамоти консулӣ ба савдогарони ду кишвар гуфтугӯ кардаанд. Дар мавриди ин сафар ҳам мақомоти Тоҷикистон изҳои назар накардаанд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.

Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари Юсуф Вафо, волии Толибон дар вилояти Балх ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буданд. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар кард.

Юсуф Вафо дар ин сафари худ бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон ҳам вохӯрда, ба ӯ китоб тақдим карда буд. Абдулқодирзода тасдиқ кард, ки туҳфа гирифтааст, аммо гуфт, то ҳол надидааст, ки он чӣ китоб аст.

Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро расман шарҳ надодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.