Шатранҷбоз аз Ҳиндустон соҳиби Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд

Date:

Ананд Пранав, намояндаи Ҳиндустон дар мусобиқаи байналмилалии шатранҷ (шоҳмот) барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки аз 10 то 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, аз 9 имтиёзи имконпазир 7 имтиёз ба даст оварда ғолиби ин мусобиқа ва соҳиби ҷом шуд. 

Ӯ ҳамчунин, соҳиби 10 ҳазор доллар шудааст.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон  бо дастгирии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ташкил шуд. Мусобиқа дар ду гурӯҳи асосӣ — “А” ва “В”- сурат гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ананд Пранав

 

Дар гурӯҳи “А”, ки шомили бузургустодон буд, ҷойи дуюм ва сеюм насиби Сергей Дригалов ва Никита Афанасев, шатранҷбозон аз Русия гардид. Дригалов бо медали нуқра ва 8000 доллар ва Афанасев бо медали биринҷӣ ва 5000 доллар сарфароз гаштанд. 

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар шатранҷ, ки дар гурӯҳи “А” ширкат доштанд, аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Дар гурӯҳи “В”, ки зиёда аз 130 шатранҷбози синну соли гуногун ширкат доштанд, Исломбек Ҳусанови 11-сола аз Узбекистон ғолиб шуд. Намояндаи дигари Узбекистон – Муҳаммаддиёр Маҳмадуллоев – медали нуқра гирифт. Оксана Горячкина аз Русия бо нишони биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар гурӯҳи “В” бошад, намояндагони Тоҷикистон 6 зинаи ифтихорӣ (ҷоизавӣ)-ро касб карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Дар мусобиқа зиёда аз 80 шатранҷбози сатҳи байнулмилалӣ аз 15 кишвар ширкат доштанд. Рақобатҳо бо низоми швейтсарӣ дар 9 давр ба назорати классикии вақт: 90 дақиқа бо иловаи 30 сония барои ҳар як гашт шурӯъ аз гашти аввал гузаронида шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми президенти Тоҷикистон” 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...