Нафари дуввуми “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шудааст

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба минтақаи ҷануби шаҳри Бейрут, Ҳайсам Алӣ Таботабоӣ, раиси Ситоди гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон кушта шудааст.

Ба гузориш расонаҳои Лубнон, Таботабоӣ, ки бо номи Саид Абуалӣ маъруф буд, соли 1968 аз падари эронӣ ва модари лубнонӣ дар Бейрут ба дунё омадааст. Ӯ замоне фармондеҳи воҳиди “Ризвон”, нерӯҳои нухбаи “Ҳизбуллоҳ” буд ва пас аз он Таботабоӣ ба унвони нафари дуввуми ин гурӯҳ пас аз Наим Қосим шинохта мешуд.

Ҳамлаи маргбори Исроил ба Бейрут рӯзи 23-юми ноябр анҷом шуда, дар пайи он, ба иттилои Вазорати беҳдошти Лубнон, дасти кам 5 нафар кушта ва ҳудуди 30 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Дафтари нахуствазири Исроил эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу шахсан дастури ҳамлаи ҳавоӣ ба Лубнонро содир кардааст. Исроил Таботабоиро “масъули роҳбари раванди бозсозӣ ва мусаллаҳ кардани" Ҳизбуллоҳ хондааст.

“Ҳизбуллоҳ” гуфтааст, ки Исроил бо ин ҳамла “хатти сурх”-ро убур кардааст. Алӣ Аммор, намояндаи “Ҳизбуллоҳ” дар парлумони Лубнон ҳуҷуми Исроилро “таҷовузи хоинона ба як минтақаи комилан маскунӣ” хондааст.

Жозеф Аун, раисҷумҳури Лубнон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои боздоштани ҳамлаҳои Исроил ба кишвараш қотеона мудохила кунанд.

Куштори фарди дуввуми ин гурӯҳ дар ҳолест, ки дар моҳи сентябри соли гузашта, дар пайи як ҳамлаи Исроил ба Бейрут, Ҳасан Насруллоҳ, роҳбари пешини “Ҳизбуллоҳ” кушта шуда буд.

Пас аз кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, Наим Қосим, ки то ин вақт муовини дабири кулли ин гурӯҳ буд, роҳбарии "Ҳизбулоҳ"-ро ба уҳда гирифт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза, "Ҳизбуллоҳ" бо нишони ҳамраъйӣ ба мардуми Фасластин амалан вориди ҷанг бо Исроил шуд. Дар вокуниш ба ин, Исроил ҳамла ба Лубнонро густариш дод ва чанд роҳбари “Ҳизбуллоҳ”-ро кушт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...