Нафари дуввуми “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шудааст

Дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба минтақаи ҷануби шаҳри Бейрут, Ҳайсам Алӣ Таботабоӣ, раиси Ситоди гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон кушта шудааст. Ба гузориш расонаҳои Лубнон, Таботабоӣ, ки бо номи Саид Абуалӣ маъруф буд, соли 1968 аз падари эронӣ ва модари лубнонӣ дар Бейрут ба дунё омадааст. Ӯ замоне фармондеҳи воҳиди “Ризвон”, нерӯҳои нухбаи “Ҳизбуллоҳ” буд ва […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба минтақаи ҷануби шаҳри Бейрут, Ҳайсам Алӣ Таботабоӣ, раиси Ситоди гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон кушта шудааст.

Ба гузориш расонаҳои Лубнон, Таботабоӣ, ки бо номи Саид Абуалӣ маъруф буд, соли 1968 аз падари эронӣ ва модари лубнонӣ дар Бейрут ба дунё омадааст. Ӯ замоне фармондеҳи воҳиди “Ризвон”, нерӯҳои нухбаи “Ҳизбуллоҳ” буд ва пас аз он Таботабоӣ ба унвони нафари дуввуми ин гурӯҳ пас аз Наим Қосим шинохта мешуд.

Ҳамлаи маргбори Исроил ба Бейрут рӯзи 23-юми ноябр анҷом шуда, дар пайи он, ба иттилои Вазорати беҳдошти Лубнон, дасти кам 5 нафар кушта ва ҳудуди 30 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Дафтари нахуствазири Исроил эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу шахсан дастури ҳамлаи ҳавоӣ ба Лубнонро содир кардааст. Исроил Таботабоиро “масъули роҳбари раванди бозсозӣ ва мусаллаҳ кардани" Ҳизбуллоҳ хондааст.

“Ҳизбуллоҳ” гуфтааст, ки Исроил бо ин ҳамла “хатти сурх”-ро убур кардааст. Алӣ Аммор, намояндаи “Ҳизбуллоҳ” дар парлумони Лубнон ҳуҷуми Исроилро “таҷовузи хоинона ба як минтақаи комилан маскунӣ” хондааст.

Жозеф Аун, раисҷумҳури Лубнон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои боздоштани ҳамлаҳои Исроил ба кишвараш қотеона мудохила кунанд.

Куштори фарди дуввуми ин гурӯҳ дар ҳолест, ки дар моҳи сентябри соли гузашта, дар пайи як ҳамлаи Исроил ба Бейрут, Ҳасан Насруллоҳ, роҳбари пешини “Ҳизбуллоҳ” кушта шуда буд.

Пас аз кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, Наим Қосим, ки то ин вақт муовини дабири кулли ин гурӯҳ буд, роҳбарии "Ҳизбулоҳ"-ро ба уҳда гирифт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза, "Ҳизбуллоҳ" бо нишони ҳамраъйӣ ба мардуми Фасластин амалан вориди ҷанг бо Исроил шуд. Дар вокуниш ба ин, Исроил ҳамла ба Лубнонро густариш дод ва чанд роҳбари “Ҳизбуллоҳ”-ро кушт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио