Ду қочоқбар кушта ва 116 баста маводи мухаддир ёфт шуд. КДАМ бори аввал бо истифода аз паҳпод қочоқбарон аз Афғонистонро нобуд кардааст

Мақомоти сарҳадии Тоҷикистон мегӯянд, аввалин бор бо истифода аз паҳпод ё бесарнишинҳои сохти ватанӣ як гурӯҳи қочоқбар аз Афғонистонро ошкору нобуд кардаанд. Дар пайи амалиёти мазкур ду қочоқбар безарар ва 116 баста маводи мухаддир дарёфту мусодира шудааст. Дар бораи ин амалиёт дар гузориши Телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми ноябр нашр шудааст, хабар дода мешавад.   […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти сарҳадии Тоҷикистон мегӯянд, аввалин бор бо истифода аз паҳпод ё бесарнишинҳои сохти ватанӣ як гурӯҳи қочоқбар аз Афғонистонро ошкору нобуд кардаанд. Дар пайи амалиёти мазкур ду қочоқбар безарар ва 116 баста маводи мухаддир дарёфту мусодира шудааст.

Дар бораи ин амалиёт дар гузориши Телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми ноябр нашр шудааст, хабар дода мешавад.  

Дар гузориш зикр шудааст, ки аз ҷониби хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии гуруҳи 7 нафараи қочоқбарон аз Афғонистон  ба марзи Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ карда шудааст.

Ба иттилои расмӣ, шаби 20-уми ноябр соати 22:50 дақиқа дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ “самти ҳаракати қочоқбарон назорат шуда бо истифода аз бесарнишинҳои истеҳсоли ватанӣ қочоқбарони афғонистонӣ безарар карда шуданд”.

Мақомот субҳи 21-уми ноябр дар ҷойи ҳодиса ҷасади ду тан аз қочоқбарон, Шероғо валади Аввалмир, тахминан 30-сола ва Ҷумъагул валади Ҳаким, тахминан 25-сола, зода ва сокинони ноҳияи Дарқади вилояти Тахори Афғонистонро пайдо кардаанд.

Ҳамчунин дар 5 борхалта 116 бастаи маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира шудааст.

 

КДАМ гуфтааст, ки “дар таҷрибаи мақомоти сарҳадии кишвар амалиёти тарҳрезишуда бо истифода аз дастгоҳҳои бесарнишини ватанӣ”, ки аз ҷониби мутахассисони кишвар идора мешудааст” нахустин бор корбурд шудааст.

Дар ин гузориш дар хусуси панҷ нафари дигар аз қочоқбарон  маълумот дода нашудааст.  Онҳо боздошт шудаанд ё фирор кардаанд, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол низ сарҳадбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон боз як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб”-ро даргир карда, дар натиҷа ду танро нобуд буданд. Зимни амалиёти боздошт қочоқбарони афғонистонӣ ба амри кормандони амниятӣ итоат накарда, аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷа саркардаи ин гурӯҳ Азархон валади Сайдумар ва аъзои гурӯҳ Азизи Розмуҳаммади тахминан 30 сола кушта шудаанд ва аъзои боқимондаи гурӯҳ ба самти Афғонистон фирор намуданд.

Ҳарчанд ин бори аввал аст, ки истифода аз паҳпод дар амалиёти мақомоти сарҳадбонии кишвар расонаӣ мешавад, аммо дар чанд соли охир дар гузоришҳои расонаҳои давлатӣ ва навороҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда аз чорабиниҳои мақомоти қудратии кишвар дар бораи паҳпод ва марказҳои омодакунии мутахассисон барои идораи паҳпод маълумот ироа мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.