Пулиси Душанбе як кӯдакро аз модараш гирифта, ба мактаби махсус супурдаааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раёстаи ВКД дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ин модар фарзанди худро ба савдо ва оворагардӣ водор карда, ӯро аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохтааст.

Мақомот рӯзи 21-уми ноябр, гуфтаанд, ки бо назардошти ин ҳолат, бар асоси моддаи 73-и Кодекси оила, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷоза медиҳад, фарзанди ин занро аз ӯ гирифта, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ додаанд.

"Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзораҳматова У., писари хурдсоли худро ба савдо дар маконҳои номуайяншуда ва оворагардӣ водор намуда, аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохтааст", – гуфтааст РВКД дар пойтахт.

Назари модари ноболиғ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар робита ба таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ эҳсос кунанд.

Қаблан, дар моҳи апре ҳам пулиси пойтахт, ду кӯдаки 8 ва 10-соларо, ки модарашон ба талбандагӣ маҷбур мекард, ҷудо карда, ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе супоридаанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан пулиси Душанбе гуфта буд, назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзандон иҷро намекунанд, сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад.  

Манбаъ гуфта буд, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ карда мешавад.

Он замон мақомот иттилоъ дода буд, як ноболиғи 15-сола, ки дар шаҳри Душанбе борҳо ҷинояти дуздӣ содир карда, шабона ба оворагардиву талбандагӣ дар роҳҳои мошингард машғул мешуд, аз модараш гирифта, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ – техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...