Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбия кардани фарзандашон иҷро намекунанд сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад. Дар ин хусус милитсияи пойтахт иттилоъ додааст. Ба иттилои манбаъ, ин тасмим “дар асоси […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбия кардани фарзандашон иҷро намекунанд сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад. Дар ин хусус милитсияи пойтахт иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ крада мешаввад.

Раёсати ВКД як ҳолати мазкурро расонаӣ кард, ки як ноболиғи 15-сола дар асоси ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Сино аз модараш гирифта шуда, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ – техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ Ҳакимов. У, сокини 15-солаи шаҳри Душанбе силсила ҷиноятҳои дуздиро содир карда, шабона ба оворагардӣ ва дар роҳҳои мошингард ба талбандагӣ машғул мешудааст.

Мақомот санҷиш гузаронида муайян кардааст, ки Манзура Суфиева, модари ноболиғ дар таълиму тарбияи фарзандаш “бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯро ба оворагардию талбандагӣ маҷбур сохтааст”.

“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати модари ноболиғ Манзура Суфиева моддаи 73-и Кодекси оилаи Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, татбиқ карда шуд”,- навиштааст Раёсати ВКД.

Мақомот мегӯяд, ки ин тадбир дар таълиму тарбияи наврас ва омӯхтани малакаҳои касбӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки соли 2024, номи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” иваз карда шуд. Тибқи ин тағйирот масъулияти тарбияи фарзанд на танҳо ба дӯши падару модарон, балки ба зиммаи омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ низ гузошта шудааст.

Дар таҳрири нави қонун моддаҳои иловагӣ ворид карда шуданд, ки ба мубориза бо ифротгароӣ, хушунат ва табъиз нисбати кӯдакон нигаронида шудаанд. 

Илова бар ин, қонун истифодаи муҷозоти ҷисмониро дар ҳама гуна шароит, чӣ дар хона ва чӣ дар мактаб нисбати ноболиғон манъ мекунад.

Соли гузашта ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он (моддаи 164 КҶ) нафароне, ки монеи таҳсили хонандагон дар мактабҳои миёна мешаванд, ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳамчунин ҷазо барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ (моддаи 174 КҲ) дар таҳрири нав ифода ёфта, мутобиқи он андозаи ҷарима зиёд гардида, дар як вақт ба сифати ҷазои алтернативӣ корҳои ҳатмӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки Додситонии Тоҷикистон дар соли 2024-ум 237 ҳолати монеъ шудан ба дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти умумии ҳатмиро ошкор кардааст. Ҳамчунин, беш аз 3 ҳазор парванда барои нақзи қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон” ифтитоҳ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио