“Интизор шудем, то сокинон мактаб созанд”. Баъди як соли дастури шаҳрдори Панҷакент барои бунёди мактаб, дар Бӯстон ҳоло ҳам мактаб сохта нашудааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Як сол пеш баъди марги Таронаи 9-сола, ки вақти бозгашт аз мактаби деҳаи дигар ва убури роҳ дар садама ҷон бохт, Абдухолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент ба деҳаи Бӯстон рафта, супориши бунёди мактаб дар ин деҳаро дода буд. То кунун барои бунёди мактаб дар ин деҳа замин ҷудо шудааст, аммо ҷиҳати сохтмону лоиҳакашии он иқдоме сурат нагирифтааст. Аз ҳукумати ин шаҳр гуфтанд, ки интизоранд, то “худи сокинон мактабро ба таври ҳашар бунёд мекунанд”.

Охири моҳи октябри соли гузашта, Тарона Ниёззода, хонандаи синфи ду аз деҳаи Бӯстони Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб, дар садамаи нақлиёт ҷон бохт. Ӯ аз сабаби набудани мактаб дар деҳаи худ дар мактаби деҳаи ҳамсоя таҳсил мекард. Он вақт марги духтараки 9-сола мушкили дерини норасоии мактаб дар ин деҳаро доғ кард.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” дар бораи марги Тарона Ниёззода ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстон, рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта Абдухолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент ба ин деҳа рафт ва дастури ҷудо кардани замин барои бунёди мактаб ва таҳияи лоиҳаи онро дод.

 

Баъди ин дастури раиси шаҳр сокинони деҳаи Бӯстон умедвор буданд, ки дар деҳа мактаб бунёд мешавад ва фарзандони онҳо аз мушкили роҳу хатарҳои он раҳо мешаванд. Аммо бо гузашти як сол ин умеди онҳо ҳамоно мисли орзуи дастнорас боқӣ мондааст.

 

Ваъдаи раис, интизории мақомот ва умеди сокинон

Фатҳулло Иброҳимов, раиси деҳаи Бӯстон 18-уми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукумати ин шаҳр ба масоҳати 60 сотих замин аз ҳисоби заминҳои солҳо бекорхобида барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон ҷудо кард. Аммо барои сохтмони мактаб ҳанӯз иқдоме сурат нагирифтааст.

“Аз ҳукумат ва шуъбаи маорифи шаҳр гуфтанд, барои сохтани мактаб ҳамчун кӯмак аз тарафи кишварҳои хориҷӣ сармоя ҷалб мекунанд. Акнун аз рӯйи ваъдаашон бояд моҳи майи соли 2026 дар деҳаи Бӯстон сохтмони мактабро оғоз кунанд. Охирон маротиба як моҳ пеш ба шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент муроҷиат карда будем, дар онҷо гуфтанд, ки барои сохтмони мактаб барои таҳсили 500 хонанда пешниҳод кардаанд”, – иброз дошт Фатҳулло Иброҳимов.

Дар ҳамин ҳол, Хисрав Дӯстбойзода, муовини шаҳрдори Панҷакент 18-уми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то ин муддат мунтазир будаанд “то соҳибкорон ва сокинони ин деҳа мактабро аз ҳисоби худ ва ба тариқи ҳашар бунёд кунанд”.

 

“Ба мо ташаббускорон ва сокинони деҳа муроҷиат карда, (як соли пеш дар назар аст. -аз идора) гуфтанд, ки заминро ҷудо кунед, мо мактабро тариқи ҳашар месозем. Заминро ҷудо кардем ва ҳозир интизори ин ташаббуси соҳибкорон ва сокинон ҳастем. То охири сол нигоҳ мекунем, агар онҳо ягон чора наандешанд, баъд аз пайи дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, шарикони рушд ва дигар манбаъҳо мешавем”, – гуфт Дӯстбойзода.

Бояд гуфт, дар воқеъ як соли пеш чанде аз сокинони деҳаи Бӯстон зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки омодаанд мактабро худ бунёд кунанд, танҳо шаҳрдорӣ барояшон замин ҷудо кунад. Аммо бо гузашти як сол, Фатҳулло Иброҳимов гуфт, ки “касе аз сокинони деҳа ҳозир нашуд, ки ба ташаббуси сохтмони мактаб ҳамроҳ шавад”.

 

Ҳамакнун Хисрав Дӯстбойзода зикр мекунад, ки сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстонро аввал бояд дар буҷети соли оянда ба нақша гиранд ва агар даромади буҷети маҳаллӣ барзиёд иҷро шавад, мактаб аз ҳисоби ин сарчашма сохта мешавад.

Деҳаи Бӯстон 27 соли пеш таъсис ёфтааст ва мушкили набудани мактаб дар ин деҳа чандин сол аст, ки мубрам мебошад. Мақомот низ аз ин огоҳанд. Барои интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон, 15 сол қабл қарори раиси шаҳри Панҷакент ва раиси вилояти Суғд низ баромада буд.

 

Барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Чимтарға ва Уреҷи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ба масоҳати 1 гектар замин интихоб шуда буд. Вале ба хотири обӣ будани замини интихобшуда қарори ҳукумати кишвар ба тасвиб нарасидааст.

Ин деҳа тақрибан 400 хонанда дорад, ки қисми бештари онҳо ҳамакнун аз деҳаашон қариб 5 километр дур, дар ҳамсоядеҳаи Марғедар рафта таҳсил мекунанд. Бо сард шудани ҳаво ва оғози мавсими зимистон фарзандони ин деҳа бо мушкилии зиёд дучор мешаванд. Аммо мушкили аслии хонандагони мактаб дар ин деҳа шоҳроҳест, ки онҳо бояд убур кунанд. Тарона вақти убури ин шоҳроҳ ба садама дучор шудаву ҷон бохта буд.

Тафсилоти қазияи марги Тарони 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакентро аз ин матлаби мо, “Агар мактаб мебуд…” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?  метавонед хонед.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар дар Тоҷикистон 78 ҳазор ҷой барои хонандагон намерасад. Шумораи дақиқи норасоии мактаб мутаасифона дастрас нест.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта дар баромади худ дар Рӯзи дониш гуфта буд, ки дар кишвар 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад. Ба гуфтаи ӯ, инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.

Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) сохта ё васеъ карда мешаванд, лекин сатҳи таваллуди баланд сохтмони ду баробар зиёди чунин муассисаҳоро тақозо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва  бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...