Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод

Дар пайи гузориши “Азия-Плюс” дар бораи марги Таронаи 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстон, раиси шаҳри Панҷакент ба ин деҳа рафта, дастур додааст, ки барои бунёди мактаб замин ҷудо карда, лоиҳаи мактабро омода кунанд. Дар шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент рӯзи 25-уми ноябр ба деҳаи Бӯстон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи гузориши “Азия-Плюс” дар бораи марги Таронаи 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстон, раиси шаҳри Панҷакент ба ин деҳа рафта, дастур додааст, ки барои бунёди мактаб замин ҷудо карда, лоиҳаи мактабро омода кунанд.

Дар шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент рӯзи 25-уми ноябр ба деҳаи Бӯстон рафта, ба масъулин супориш додааст, ки аз ҳисоби қитъаи замине, ки солҳо боз истифода намешавад, барои бунёди мактаб замин ҷудо кунанд.

“Раиси шаҳр ба ниҳодҳои марбутаи ҳукумати шаҳри Панҷакент дар хусуси ҷудо кардани қитъаи замин барои сохмони мактаб дар деҳаи Бӯстон ва таҳияи лоиҳаи бинои он супориш доданд. Алҳол ҳудуди заминро муайян мекунанд, баъди он корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва лоиҳакашии бинои мактаб шуруъ мешавад”, – гуфтанд дар шаҳдории Панҷакент.

Тибқи иттилои шаҳрдории Панҷакент, зимни боздид аз деҳаи Бӯстон Абдухолиқ Холиқзода ба дидори хонаводаи Тарона Ниёззода, хонандае, ки чанде пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳангоми бозгашт аз мактаби деҳаи ҳамсоя ҷон бохта буд, рафта ҳамдардӣ баён кардааст.

Фатҳулло Иброҳимов, раиси деҳаи Бӯстон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки раиси шаҳри Панҷакент ба масоҳати 60 сотих замин аз ҳисоби заминҳои солҳо боз бекорхобида барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон интихоб карда, ба масъулин ҷиҳати ҳуҷҷатгузории он дастур додааст.

“Имрӯз раиси ҷамоати Рӯдакӣ (деҳаи Бӯстон шомили ин ҷамоат аст) пешниҳодро ба шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент супорид. Акнун шӯъбаи маориф пешниҳодро ба ҳукумати шаҳр равон мекунанд ва корҳои ҳуҷҷатгузории замин бо баромадани қорори раиси шаҳри Панҷакент ба охир мерасад. Вақте сертификати замин омода шуд, баъдан ба бунёди мактаб оғоз мекунанд”, – гуфт Иброҳимов.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми октябри соли 2024, Тарона Ниёззода – хонандаи синфи ду аз деҳаи Бӯстони Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб, дар садамаи нақлиёт ҷон бохт. Ӯ аз сабаби набудани мактаб дар деҳаи худ роҳи тӯлониро тай карда, қад-қади роҳи мошингард ба деҳаи дигар барои таҳсил мерафт ва ҳамин тавр боз бармегашт. Марги духтараки 9-сола мушкили дерини норасоии мактабро дар ин деҳа бори дигар доғ кард.

Деҳаи Бӯстон 27 соли пеш таъсис ёфтааст ва мушкили набудани мактаб дар ин деҳа чандин сол аст, ки мубрам мебошад. Мақомот низ аз ин огоҳанд. Барои интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон, 14 соли пеш қарори раиси шаҳри Панҷакент ва раиси вилояти Суғд баромада буд. Барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Чимтарға ва Уреҷи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ба масоҳати 1 гектар замин интихоб шуда буд. Вале ба хотири обӣ будани замини интихобшуда қарори ҳукумати кишвар ба тасвиб нарасидааст.

Тафсилоти қазияи марги Тарони 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакентро аз ин матлаби мо, “Агар мактаб мебуд…” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?  хонда метавонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.