“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?

Шаҳрванди Тоҷикистон Зуҳурҷон Неъматовро, ки дар давраи интизории ихроҷ ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карданд, ба ватан баргашт. Дар ҳамин ҳол, се фарзанди хурдсоли Неъматовро мақомоти Руия дар фарши кошиндор (кафелӣ)-и  бинои панҷарадор нигаҳдорӣ карданд. Ҳатто бемории саръ (эпилепсия) доштани яке аз кӯдаконро ҳам ба инобат нагирифтанд. Баъди бозгашт ба Хуҷанд Неъматов изҳор […]

«Мигрант.Медиа»

Шаҳрванди Тоҷикистон Зуҳурҷон Неъматовро, ки дар давраи интизории ихроҷ ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карданд, ба ватан баргашт. Дар ҳамин ҳол, се фарзанди хурдсоли Неъматовро мақомоти Руия дар фарши кошиндор (кафелӣ)-и  бинои панҷарадор нигаҳдорӣ карданд. Ҳатто бемории саръ (эпилепсия) доштани яке аз кӯдаконро ҳам ба инобат нагирифтанд.

Баъди бозгашт ба Хуҷанд Неъматов изҳор дошт, ки бо сабаби таҳқири ӯ ва дигар тоҷикистониён аз ҷониби мақомот, дигар ҳаргиз ба Русия намеравад. Ӯ мегӯяд, шароити зиндагӣ ва кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо хеле беҳтар аст.

Зухурҷон дар мусоҳиба бо лоиҳаи «Мигрант.Медиа» зикр кардааст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва кораш дар Русия қонунӣ буд: то лаҳзаи боздошт ӯ дар ширкати Яндекс ба ҳайси барномасоз фаъолият мекард. Бо вуҷуди ин, ӯро ба сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор намуда, қарор доданд, ки ихроҷ кунанд.

«Онҳо наметавонистанд маро хориҷ кунанд, чунки ҳама кору будубоши ман дуруст буд, – мефаҳмонад Зухурҷон. – Вале танҳо барои он ки ман ҳуқуқҳоямро ҳимоя кардам, ворид шудан ба Русияро ба муддати се моҳ манъ карданд. Агар каме дертар хориҷ мешудам, намедонам, барои чанд сол вурудамро манъ мекарданд».

Дар шаҳри Хуҷанд Зуҳурҷон ҳоло автомашина ба иҷора гирифта, ба таксиронӣ машғул аст.

«Шукри Худо, мошинро иҷора гирифтам ва таксиронӣ мекунам. Фақат барои зиндагӣ мерасад, – мегӯяд ӯ. – 250 сомонӣ барои иҷора медиҳам, 100–200 сомонӣ боқӣ мемонад, ки бо онҳо чизе барои хона мехарам ва халос. Ҳамин тавр зиндагӣ мекунем. Оҳиста-оҳиста пул ҷамъ мекунем барои иҷораи хона, зеро ман худам ҳам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам».

Сарфи назар аз мушкилот, Зухурҷон мегӯяд, ки аз бозгашт ба Ватан хушҳол аст: «Ман озод шудам, ба Ватан баргаштам. Намедонам, чӣ гуна ин эҳсосотро тасвир кунам. Хеле хурсандам, ба ҳама ташаккур».

Ҳарчанд муҳлати манъи вуруди Зуҳурҷон ба Русия танҳо барои се моҳ бошад ҳам, ӯ мегӯяд, ки дигар ба он ҷо намеравад. Ҳоло Неъматов дар фикри муҳоҷират ба Аврупо аст.

«Баъд аз чунин муносибат ба Русия намеравем. Метавон гуфт, ки онҳо моро одам ҳисоб намекарданд. Ман дар Русия кори муфид мекардам: роҳбар будам, фаъолияти 17 анборро дар саросари Русия назорат мекардам. Агар мушкилот пеш меомад, шабҳо кор карда, онҳоро ҳал мекардам. Ман аз чунин муносибат хеле ноумед шудам. Шумо медонед, ҳоло мебинам, ки барои тоҷикон дар Аврупо шароити хуб ва имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Ман забонҳои туркӣ, курдӣ, каме арабӣ, ӯзбекиро медонам, бо форсизабонҳо бошад, ҳамчун худӣ муносибат мекунем. Пас, мехоҳам ба Аврупо равам. Умедворам, ки муваффақ мешавам», – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Зуҳурҷон, дар солҳои тӯлонии муҳоҷират дар Русия таҷрибаи бузурге андӯхтааст ва мехоҳад блогер шавад, то ба ҳамватанони худ, ки дар муҳоҷират ба мушкилот рӯбарӯ мешаванд, кумак расонад.

«Орзуи ман блогер шудан аст. Мехоҳам муҳоҷиронеро, ки дар ҳолати ман қарор мегиранд, дастгирӣ кунам. Бигзор дар тамос шаванд, нависанд, – мегӯяд Неъматов. – Ман шарҳ медиҳам, ки дар куҷо ва чӣ гуна гап задан лозим аст, чӣ тавр аз чунин вазъият раҳо шудан имкон дорад».

Ба гуфтаи ӯ, аксари муҳоҷирон намедонанд, ки чӣ гуна рафтор ва чӣ кор кунанд. Аз сабаби ноогоҳӣ онҳоро беасос ихроҷ мекунанд.

«Ҳатто агар ҳуҷҷат дошта бошанд ҳам, наметавонанд гап зананд ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд, наметавонанд собит созанд, ки онҳоро хориҷ кардан мумкин нест. Ҳамаи инро ман дидаам. Ман шахси босавод ҳастам ва медонам, ки чӣ тавр муҳоҷиронро дастгирӣ кардан лозим аст», – гуфт Зуҳурҷон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.