Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид

Тоҷикистон аз хидматрасонӣ ба кортҳои UnionPay, ки аз ҷониби “Газпромбанк” нашр шудаанд, даст кашид. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, аз ҷумла додани пули нақд тариқи онҳо дар банкоматҳо қатъ шудааст. Мушкили хидматрасонӣ ба кортҳои UnionPay-и “Газпромбанк” рӯзи 24 ноябр оғоз ва 25 ноябр идома ёфтанд. Аз ҷумла, дар банкоматҳои Бонки байнулмилалии Тоҷикистон дар экран хабари […]

Тоҷикистон аз хидматрасонӣ ба кортҳои UnionPay, ки аз ҷониби “Газпромбанк” нашр шудаанд, даст кашид. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, аз ҷумла додани пули нақд тариқи онҳо дар банкоматҳо қатъ шудааст.

Мушкили хидматрасонӣ ба кортҳои UnionPay-и “Газпромбанк” рӯзи 24 ноябр оғоз ва 25 ноябр идома ёфтанд. Аз ҷумла, дар банкоматҳои Бонки байнулмилалии Тоҷикистон дар экран хабари “Ба корт хидматрасонӣ анҷом дода намешавад. Нисбати корт маҳдудият ҷорӣ шудааст” (Карта не обслуживается. На карту установлены ограничения) пайдо мешавад.

Ба иттилои хабарнигорони ТАСС, дар ҳолати кӯшиши гирифтани пул дар банкоматҳои кишвар, дар бораи хатогии техникӣ ё хидматрасонӣ нашудани корт аз ҷониби ин бонк огоҳӣ дода мешавад. Дар баъзе банкоматҳо огоҳӣ дода мешавад, ки бонк барои амалиёт бо ин корт иҷоза намедиҳад.

Қаблан бонкҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон хидматрасониро ба кортҳои низоми пардохти UnionPay, ки аз ҷониби “Газпромбанк” нашр мешаванд, қатъ карданд.   

Ба ҷуз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабули кортҳои “Газпромбанк дар Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Маҷористон (Венгрия), Таиланд, Ҳиндустон, Қатар, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Тунис, Миср, Аргентина, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чин, Муғулистон ва Марокаш даст кашиданд.

Вазорати молияи ИМА рӯзи 21 ноябр дар бораи қабули бастаи нави таҳримҳои зидди Русия хабар дод, ки ба онҳо даҳҳо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Газпромбанк”, ки қаблан таҳримҳо нисбати он амал намекарданд, дохил шуданд.

Ташкилоти қарзӣ муштариёнашро аз мушкилот дар кори кортҳои UnionPay огоҳ карда, тавсия дод, ки дар фурсати наздиктарин пулҳои нақдро бигиранд. Дар сомонаи “Газпромбанк” рӯзи 22 ноябр корти UnionPay аз рӯйхати кортҳои дастрас барои гирифтан нопадид шуд. Дар ҳамин ҳол, бонк ба муштариёнаш итминон дод, ки кортҳои бонкии қаблан додашуда, аз ҷумла тариқи низомҳои хориҷии пардохт, ба корашон дар тамоми қаламрави Русия идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.