Афзоиши боғҳои анор дар Тоҷикистон. Ҳосил ҳам зиёд мешавад?

Дар Тоҷикистон зиёд ё худ васеътар кардани боғҳои анор идома дошта, имрӯз масоҳати онҳо ба ҳудуди то 2700 гектар расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд. Аз нисф зиёди ин боғҳо нав буда, дар ду-се соли наздик истеҳсоли анор дар Тоҷикистон зиёд мешавад. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон зиёд ё худ васеътар кардани боғҳои анор идома дошта, имрӯз масоҳати онҳо ба ҳудуди то 2700 гектар расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Аз нисф зиёди ин боғҳо нав буда, дар ду-се соли наздик истеҳсоли анор дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон давоми як сол тақрибан 18 ҳазор тонна ҳосили анор ҷамъоварӣ мешавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин нишондиҳандаҳо ба туфайли шароити мусоиди табиӣ ва дастгирии мутамаркази боғдорӣ аз ҷониби давлат ба даст оварда шудааст.

“Анор маҳсулоти муҳими ғизоӣ ва воситаи доруворӣ буда, боғҳои анор макони истироҳат низ маҳсуб меёбанд. Ҳукумат афзоиши масоҳати боғҳои анор ва истеҳсоли ин маҳсулоти арзишмандро фаъолона дастгирӣ мекунад. Мо ҳам афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва ҳам беҳтаршавии сифати ҳосилро мушоҳида мекунем”, — таъкид намуданд дар институт.

Дар Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ барои солҳои 2025-2029,  анор ба сафи зироатҳои афзалиятноки субтропикӣ мансуб дониста шудааст.

Дар барнома парвариши он дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо назардошти шароити иқлими маҳал ва интихоби навъҳои мутобиқгардида тавсия дода мешавад.

Дар ВМКБ, пеш аз ҳама дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, парвариши навъҳои “Мулоимдона” (парҳезӣ) ва “Сурханор” тавсия дода мешавад.

Барои вилояти Хатлон навъҳои "Турушмазза", "Шириндона", "Сурханор" ва "Мулоимдона", барои вилояти Суғд навъҳои "Мулоимдона", "Шириндона" ва "Сурханор" пешниҳод шудааст.

Ин гуна равиш ба бунёди  боғҳои бештар устувор ва ҳосил, ки ба иқлими маҳаллӣ беҳтар мутобиқ мебошанд, имкон медиҳад.

Қисми асосии боғҳои анор дар вилояти Хатлон — дар ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шамсиддини Шоҳин ҷойгир аст.

Дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор анор нисбатан камтар парвариш мешавад.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пойгоҳи растаниҳои субтропикӣ амал мекунад, ки дар он селесионерҳо (тухмпарварон) навъҳои навро парвариш ва навъҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо донаи мулоим ва имконоти баланди содиротиро мутобиқ месозанд.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки имконти соҳаи мазкур ҳоло комилан мавриди истифода қарор нагирифтааст.

Мувофиқи арзёбии онҳо, дар Тоҷикистон аз як гектар ҳудуди 20 тонна ҳосили анори хушсифат мегиранд. Дар кишварҳое, ки дар парвариши анор пешсафанд, аз ҷумла Эрону Исроил ё Туркия ҳосилнокӣ баъзан зиёда аз 60 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.