Русия ҳудуди 60 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кардааст

Нодира Собирзод, махсус барои “Asia Plus”

Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025 қариб 60 ҳазор иҷозатномаи кор ё патенти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишваро бекор кард. Дар ин бора Александр, Гребёнкин Шӯрои амнияти ин кишвар дар мусоҳиба бо расонаи "Российская газета" хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, шуруъ аз моҳи январи соли 2024 муҳоҷирон муваззаф шудаанд, ки дар бораи ба кор қабул шудани худ ду моҳ баъд аз гирифтани патент, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилиро огоҳ кунанд. Дар акси ҳол, ба таъкиди вай, иҷозатнома кор (патент) беэътибор дониста шуда, ҳамчун асос барои иқомат дар Русия истифода намешавад.

"Ба вазорат ҳақ дода шудааст, ки дар бораи ихроҷи ҳарчи зудтари чунин муҳоҷирон (онҳое, ки ду моҳ баъд аз гирифтани патент дар бораи ҷои корашон мақомотро огоҳ намекунанд) аз қаламрави Русия тасмим бигирад, маълумоти заруриро ҷамъоварӣ кунад ва аз василаи муосири мониторинги электронӣ истифода кунад", – гуфтааст Гребёнкин.

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1-уми январи соли 2026 арзиши иҷозатномаи меҳнатӣ барои муҳоҷирон дар чанд минтақаи Русия боло меравад. Аз ҷумла. аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл ба буҷаи ин кишвар 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.

Ҳамчунин, нархи патент дар вилояти Тюмен аз 9 ҳазору 385 ба 11 ҳазору 471 рубл, минтақаи Камчатка аз 9 ҳазор то 13 ҳазору 800 рубл ва дар вилояти Иркутс 12 ҳазор рубл мешавад.

Боз дар кадом шаҳр чӣ қадар нарх баланд мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Мақомоти шаҳру вилоятҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо баланд кардани нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ, буҷети вилоятҳо зиёд мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...