Бо гузашти беш аз 1,5 сол. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаби ҳамла ба “Крокус” бедарак шуда буд, то ҳол ёфт нашудааст

Бо гузашти беш аз 1,5 сол, Манучеҳр Болтуев, зодаи шаҳри Панҷакент, ки шаби 22 ба 23-юми марти соли 2024, шоме, ки ба толори консерти “Крокус” дар Маскав ҳамла сурат гирифт, бедарак шуд, то ҳол ёфт нашудааст. Яке аз наздикони ин ҷавон рӯзи 23-юми ноябр дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, бародарашро беш аз ду сол […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Бо гузашти беш аз 1,5 сол, Манучеҳр Болтуев, зодаи шаҳри Панҷакент, ки шаби 22 ба 23-юми марти соли 2024, шоме, ки ба толори консерти “Крокус” дар Маскав ҳамла сурат гирифт, бедарак шуд, то ҳол ёфт нашудааст.

Яке аз наздикони ин ҷавон рӯзи 23-юми ноябр дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, бародарашро беш аз ду сол боз меҷуянд, аммо дараке нест. 

“Як додарам, ки дар Русия буд, 4 фарзанди Манучеҳро нигоҳубин мекарду ягона ноновари оила буд. Вале дар моҳи ноябр аз Русия депорт (ихроҷ)  шуд, ки болои сӯхта намакобро мемонад”, – гуфт хоҳари Манучеҳр Болтуев, ки нахост аз ӯ ном барем. 

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, аз лаҳзаи нопадид шудани бародараш ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент ва дигар мақомоти дахлдор, инчунин Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон муроҷиат карданд, аммо то ҳол бенатиҷа аст.

Модар ва ҳамсари Манучеҳр, ки қаблан  дар  гузориши “Азия-плюс” дар бораи бедарак шудани ӯ муфассал суҳбат карда буданд, ин дафъа барои суҳбат розӣ нашуданд.

Манучеҳр Болтуев, ки чандин сол ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар шаҳру навоҳии атрофи Маскав ба сохтмон машғул буд. Манучеҳр шаби 22-уми марти соли 2024  ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба ватан бармегардад. Аммо бо ҳамин дигар бедарак шудааст.

Дар бораи тақдири ин ҷавон, муроҷиати оилааш ба мақомот ва рӯзу рӯзгори хонаводаи ӯ, дар  гузориши видеоии “Азия-Плюс” дар ин навор маълумоти бештар гиред:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.