Ҳамлаи гургҳо сокинони як деҳаро дар Деваштич нигарон кардааст

Бархе аз сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич аз ҳамлаи гургҳо ба оғил ва талафи чорвояшон нигаронӣ мекунанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, то ҳол як гург ҳудуди 10 гӯсфанди сокинони деҳаро дарондааст. Махфират Қурбонова, як сокини деҳаи Басманда дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, шаби 22-уми ноябр ба оғилаш гург ворид шуда, 5 гусфандашро нобуд ва чанд чорвои […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Бархе аз сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич аз ҳамлаи гургҳо ба оғил ва талафи чорвояшон нигаронӣ мекунанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, то ҳол як гург ҳудуди 10 гӯсфанди сокинони деҳаро дарондааст.

Махфират Қурбонова, як сокини деҳаи Басманда дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, шаби 22-уми ноябр ба оғилаш гург ворид шуда, 5 гусфандашро нобуд ва чанд чорвои дигарашро захмӣ кардааст.

Ӯ гуфт, онҳо танҳо субҳ вақте ба оғил рафтанд аз ҳодиса огоҳ шуданд.

Оилаи ин зан солҳои зиёд ба парвариши гусфанд машғул аст, ва ба гуфтаи ӯ бори аввал гусфандонаш бо ин шева талаф ёфтаанд.

“Ба оғил рафтем, ки 5 сар гусфанд  мурдагӣ аст. Шаштои дигараш захмӣ аст.  Чор тарафаи ҳавлиямон даворбандӣ аст, дарвоза қулф, аммо намедонам як  гург ё галаи гургҳо бошанд ба воситаи ҷуйбор вориди оғил шудаанд. Дер шуда бошад ҳам роҳи ҷуйборро маҳкам кардему ба ҳавлӣ як саг оварда бастем”, – гуфт Махфират Қурбонова.

Дар ҳамин ҳол, Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда гуфт, аз ҳамлаи гургҳо ба чорвои мардум хабар дорад ва ба иттилои ӯ ҳамагӣ як гург ба деҳа фуромадааст.

“Гурги танҳо аз шаби 22 то имрӯз ба оғили Махфират Қурбонова ва  Баҳриддин Усмонов даромада, 10 гусфандро куштаву чанд адади дигарашро захмӣ кардааст.  Ҳоло ба мо дақиқ нест, ки гург баргашта ба куҳ рафтааст ё то ҳол дар деҳа аст”, – гуфт раиси деҳаи Басманда.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба чоравои аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳамасола аз ҳамлаи хирсу гург даҳҳо чорво ба ҳалокат мерасанд. Ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳамчунин, ба сокинони минтақҳои кӯҳии кишвар низ ҳамла карда, онҳоро захмӣ ва гоҳо ба ҳалокат расонида буданд.

Аз ҷумла, моҳи июли соли равон дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан чанд хирс ба чорвои сокинон ҳамла карда, беш аз 20 гову гусолаи аҳолиро нобуд карда буд.

Ҳамчунин, зимистони соли 2023 низ як гурӯҳ сокини  ноҳияи  Мастчоҳ  аз ҳамлаи гурҳо ба чорвоҳояшон  нигаронӣ карда, чанд навори гуштугузори гургҳо дар деҳа нашр карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио