Талафи ҳудуди 20 гов. Нигаронии сокинони як деҳаи Истаравшан аз ҳамлаи хирс ба чорво

Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан чанд хирс ба чорвои сокинон ҳамла карда, беш аз 20 гову гусолаи аҳолиро нобуд кардаанд. Ҳамлаи хирсҳо ба чорвои аҳолӣ моҳи гузашта оғоз шуда, то ҳол идома дорад. Ин ҳол мардуми деҳаи Навободро нигарон кардааст. Шодибой Исоқов, як сокини ин деҳа дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан чанд хирс ба чорвои сокинон ҳамла карда, беш аз 20 гову гусолаи аҳолиро нобуд кардаанд.

Ҳамлаи хирсҳо ба чорвои аҳолӣ моҳи гузашта оғоз шуда, то ҳол идома дорад. Ин ҳол мардуми деҳаи Навободро нигарон кардааст.

Шодибой Исоқов, як сокини ин деҳа дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки шаби 19-уми июн говашро аз чанголи хирс наҷот дод.

“Гов шабона дар хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан нигоҳдорӣ мешуд. Аммо баъди талафёбии гови ҳамсояаам ва чанд сар чорвои ҳамдеҳагони дигар, шабона ҳамроҳи ҳамдеҳагон ба кӯҳ барои подабонӣ рафтем. Аккоси сагҳо моро аз ҳамлаи хирс огоҳ кард. Сӯйи садои сагҳо давидем ва дидем, ки хирс ба говҳо ҳуҷум мекунад. Баъди дахолати мо,  хирс моро диду гурехт”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, Бурибой Отабеков, як сокини дигари ин деҳа дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “бори аввал чунин ҳодисаро мебинам ва аз 10-уми июн то ҳол наздики 20 сар чорвои аҳолиро хирсҳо куштаанд”.

Ӯ нигарон аст, ки хирсҳо ба чорвои ӯ ҳам ҳамла мекунанд, чунки “аз аввали баҳор то охири тирамоҳ чорвои онҳо дар кӯҳу пуштаҳо нигоҳдорӣ мешаванд”.

Зафарҷон Аскарзода, директори хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан ҳамлаи хирсҳо ба чорвои аҳолиро тасдиқ кард, вале гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз аҳолӣ шикояти расмӣ оид ба талафаи гов дастрас накардааст.

Вай омори мушаххаси чорвои талафёфтаро зикр накард, вале афзуд, “беш аз 25 сол аст, ки дар соҳаи ҷангал кор мекунам, вале бори аввал чунин ҳодиса иттифоқ афтодааст”.

Ба иттилои ӯ, дар хоҷагии ҷангали Истаравшан 8533 гектар замини фонди озоди ҷангал мавҷуд аст, ки аз он 1780 гектар барои чорвои мардуми Навобод ҷудо карда шудааст.

Дар хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан 30 даранда, аз ҷумла  гург, рубоҳ ва хирс ба қайд гирифта шудааст. Шумораи хирсҳои бақайдгирифта 5 сар мебошад.

Ба гуфтаи Зафарҷон Аскарзода, солҳои қабл як ё ду сар чорво аз дасти хирсҳо осеб медиданд.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба чоравои аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳамасола аз ҳамлаи хирсу гург даҳҳо чорво ба ҳалокат мерасанд. Ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳамчунин, ба сокинони минтақҳои кӯҳии кишвар низ ҳамла карда, онҳоро захмӣ ва гоҳо ба ҳалокат расонида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио