Як хирс дар Лахш 47 сар чорворо нобуд кардааст

Дар ноҳияи Лахш як хирс вориди оғили сокинони маҳаллӣ шуда, ҳудуди 47 сар чорворо нобуд кардааст. Ин ҳодиса, давоми ҳадди ақал 7 соли охир дар ин минтақа бори аввал рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад. Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса шаби 10-11-уми майи соли равон, соати 03:21 дар деҳаи Корвонгузари ҷамоати […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Лахш як хирс вориди оғили сокинони маҳаллӣ шуда, ҳудуди 47 сар чорворо нобуд кардааст. Ин ҳодиса, давоми ҳадди ақал 7 соли охир дар ин минтақа бори аввал рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса шаби 10-11-уми майи соли равон, соати 03:21 дар деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), аз беаҳамиятии чӯпони маҳаллӣ, рух додааст.

Аз КҲФ гуфтанд, хирс ба сокинони маҳаллӣ осеб нарасонида, баъди куштори чорво ба кӯҳ рафтааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, давоми ҳаддиақал 7 соли охир ин ҳодисаи аввалини ҳуҷуми хирс ба чорво дар ин минтақа мебошад.

Қаблан, КҲФ дар пайи ҳамлаи хирс ба як наврас ва наҷоти он аз сӯи як сокини маҳаллӣ дар Ванҷ ба сокинон оид ба роҳҳои наҷот аз ҳамлаи хирс маслиҳат дода буд.

“Дар сурати рӯ ба рӯ омадан бо хирс бояд оромиро ҳифз кард. Агар ҳайвон шуморо надид, пас талош кунед, оромона пайи кори худ равед, агар хирс ба тарафи шумо ҳаракат кард, тарсро нишон надиҳед. Ин ҳайвон аз садои баланд ва ғалоғула метарсад”, – маслиҳат дода буданд масъулини ин ниҳод.

Ҳамчунин, таъкид мешуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фирор роҳи халосӣ нест, чун хирс метавонад бо суръати 40 км дар як соат ҳаракат кунад ва дар ҳар ҳолат инсонро ба замин хобонад.

Гузоштани ғизо дар ягон ҷо ва ё наздик шудан ба лошаи ҳайвонҳо тавсия дода намешавад: чун хирс ҳисси басо инкишофёфтаи кашфи бӯйи ғизоро дорад.

"Хирси роститода назари кунҷковона дорад ва дар ин ҳолат вай хатарнок нест. Талош кунед, аз назди хирс дур шавед, вале боз ҳам аз вай чашм наканед. Агар хирс ҳамроҳ бо шумо ба ҳаракат даромад, пас дар ҷойи худ истед. Ба умеди ҳимоя аз ӯ ҷонибаш чизе партоб накунед. Ин кори шумо боис мешавад, ки хирс ба шумо ҳамла кунад", – ҳушдор дода буд КҲФ. 

Ҳар сол дар Тоҷикистон мавридҳои зиёди ба чорво ва худи мардум ҳамла кардану нобуд сохтани ҳайвононти ваҳшӣ, махсусан гургу хирс ва гоҳо бабрҳои барфӣ мушоҳида мешавад. Аксари ин ҳамлаҳо дар манотиқи куҳистон дар чарогоҳҳо рух медиҳанд, вале ҳолатҳое низ ҳаст, ки ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҷустуҷӯи ғизо аз куҳҳо поён мефароянд ва вориди деҳаҳои куҳистон шуда, ба чорвои мардум дар дохили оғил ҳамла мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.