Дар ВМКБ паланги барфӣ 20 сар чорвои хурдро нобуд кард

Субҳи 23 феврал як паланги барфӣ ба оғили сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ даромада, ҳайвоноти дохили онро мавриди ҳамла қарор дод. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин даранда 20 сар чорвои хурдро даронда, як сар чорвои калонро захмиву маъюб кард. Бо мақсади ҳифзу эмин нигоҳ доштани чорвои хонагӣ аз […]

Asia-Plus

Субҳи 23 феврал як паланги барфӣ ба оғили сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ даромада, ҳайвоноти дохили онро мавриди ҳамла қарор дод.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин даранда 20 сар чорвои хурдро даронда, як сар чорвои калонро захмиву маъюб кард.

Бо мақсади ҳифзу эмин нигоҳ доштани чорвои хонагӣ аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда Кумита чунин тавсияҳо медиҳад:

* чорвочаронӣ бояд танҳо рӯзона, вақте ҳаво рӯшан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;

* фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тӯр печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад.  Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфӣ ба мақсад мувофиқ аст;

* ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;

* дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад.

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тӯр ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифозат карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи октябри сол гузашта низ паланги барфӣ дар оғили сокини ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ зиёда аз 30 сар чорвои хурдро нобуд карда, 8 сар чорвои хурд ва 2 чорвои калонро захмиву маъюб кард.

Моҳи январи соли 2021 дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ паланги барфӣ ба оғилхонаҳои сокинони маҳаллӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Паланги барфӣ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.

Макони зисти паланги барфӣ дар ТОҷикистон 86 ҳазор километри мураббаъро ташкил мдода, 70%-и он дар ВМКБ қарор дорад. Ин паланг дар баландии аз 2,5 то 5 ҳазор ё зиёда аз он баланд аз сатҳи баҳр зиндагонӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.