Дар оғили як сокини ноҳияи Ишкошим бабр 31 сар чорвои хурдро нобуд кард

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 20-уми октябри соли равон тахминан соати 4:00 дар деҳаи Зонг, ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух додааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бабри хашин вориди оғили як сокини ин деҳа шуда, 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва 2 сар чорвои калонро захмӣ кардааст. […]

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 20-уми октябри соли равон тахминан соати 4:00 дар деҳаи Зонг, ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бабри хашин вориди оғили як сокини ин деҳа шуда, 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва 2 сар чорвои калонро захмӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ҳамлаи бабр ба моли мардум дар ин минтақа бори аввал нест. Рӯзҳои 10-11 октябри соли 2020 низ як бабри барфӣ  ба хоҷагиҳои Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳамла карда, 12 сар чорвои хурди сокинони деҳаи Хичези ҷамоати Бартанг Саодатқадам Таваккалов ва Давлатшоҳ Дастамбӯевро ба ҳалокат расонда буд. Сипас ин бабри барфӣ боздошт шуд, муддате онро нигаҳбонӣ карданд ва баъдан ба кӯҳҳои ноҳияи Мурғоб бурда озод карданд.

Бабри барфӣ дар Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаву шикору нобудсозии он манъ аст. Ин бабр аз гунаи дар ҳоли инқироз буда, давлат барои ҳимояи насли он чораандешӣ мекунад. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, 70% паҳншавии бабри барфӣ ба ҳудуди Бадахшон ва Помир рост меояд. 

Дар ин росто Кумита ба хотири ҳимояи молу чорво ва одамон аз бабри барфӣ чанд тавсия кӯтоҳ медиҳад:

– набояд ҳайвоноти хонагӣ беназорат бимонанд. Чорвочаронӣ бояд дар ҳавои рушан, на торику туман ва на шабона сурат гирад. Ҳамеша чӯпон бо моли худ бошад ва ин чӯпон бояд ҳатман бо василаҳои ҳимоя ва мубориза бо ҳайвонҳои ваҳшӣ мусаллаҳ бошад. Шабона молҳо бояд дар макони амн ва боэътимод пинҳон бошанд;

– фермҳо, гӯсфандхонаҳо, молхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ҷойгиранд, бояд бо девори баландиаш на камтар аз 2,5 метр иҳота шуда бошад. Садди сохташуда бояд тавре бошад, ки гӯсфандону говонро аз ҳар гуна ҳамлаҳои ногаҳонии дарандаҳо ҳифозат карда тавонад. Бояд ба чарогоҳҳои тобистон диққати бештар дод ва онҳо низ бояд ҳатман гирдогирд девор гиронда шудаву шабона ҳифозат карда шаванд. Тавсия дода мешавад, ки аз усулу равишҳои тарсонидани бабрҳо истифода кунанд;

– ҳамаи ҷасадҳои ҳайвоноти мурда бояд сӯзондаву нобуд карда шаванд;

–  дар кулбаи шикорчиён, дар бошгоҳҳои тобистонии чорво бояд ҳатман сагҳои хонагиву чӯпонӣ вуҷуд дошта бошанд. Дар ин ҳол сагон низ бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии бабрҳо ҳифозат шаванд. Аз ин рӯ бояд барои сагон паногоҳе сохт, масалан гузаргоҳи танг, сагхонаи муваққатӣ, ки барои бабр дастрас набошад.

Илова бар ин, ҳудудҳои хонаву ҳавлиҳои сокинони он деҳаҳое, ки дар макони зисти бабрҳо, бахусус он хонаводаҳое, ки дар канори ин гуна рустоҳо ҳаёт ба сар мебаранд, деворҳои на пасттар аз 2,5 метр дошта бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.