Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон ба шиддат пойин рафт. 0,128 шуд

Рӯзи 24 феврал, пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора поин рафта, 1000 рубли русӣ аз 141 сомонии ду рӯз пеш, имрӯз ба 128 сомонӣ расидааст. Сокинони Тоҷикистон бо нашри аксҳои тоблуҳои қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳои Тоҷикистон навиштаанд, ки дар чанде аз бонкҳо (Бонки “Эсхата” ва “Спитаменбонк”) […]

Рӯзи 24 феврал, пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора поин рафта, 1000 рубли русӣ аз 141 сомонии ду рӯз пеш, имрӯз ба 128 сомонӣ расидааст.

Сокинони Тоҷикистон бо нашри аксҳои тоблуҳои қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳои Тоҷикистон навиштаанд, ки дар чанде аз бонкҳо (Бонки “Эсхата” ва “Спитаменбонк”) рӯзи панҷшанбе 1000 рубли русӣ ба 128 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар таблои Бонки “Эсхата” фурӯши рубли русӣ барои 1000 рубл 130 сомонӣ ва дар “Спитаменбонк” 140 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сомонаи "Алиф бонк" ҳам қурби рубли русиро барои 24 феврали соли равон барои 1000 рубл 130 сомонӣ муқаррар кардааст. Барои фурӯш бошад 141 сомонӣ нишон додааст.

Поин рафтани қурби рубли русӣ дар бархе бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш қурби 1000 рубли русиро барои рӯзи 24 феврали соли 2022-юм  141 сомонӣ нишон додааст.

Дар оғози ҳафтаи равон қурби рубли русӣ дар кишвар ба 149 сомонӣ баробар буд. Дар давоми се рӯзи ахир қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 21 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Паст шудани қурби рубли русӣ аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ин ба он вобаста аст, ки беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси муҳоҷир кор мекунанд ва бахши зиёди онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд

Интизор меравад, ки бо идома ёфтани таниш миёни Русия ва Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боз пасттар шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.