Оғози парвандаи ҷиноятӣ бар зидди се ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ

Додистонии ноҳияи Мастчоҳ нисбати се даъватшаванда барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаааст ва тибқи қонунгузорӣ, онҳоро аз 34 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндон интизор аст. Дар ин бора ҳафтаномаи “Машъал”, нашрияи расмии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад. Манбаъ аз ин се нафар ном набурдааст ва танҳо гуфтааст, ҳар се сокини […]

Asia-Plus

Додистонии ноҳияи Мастчоҳ нисбати се даъватшаванда барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаааст ва тибқи қонунгузорӣ, онҳоро аз 34 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндон интизор аст. Дар ин бора ҳафтаномаи “Машъал”, нашрияи расмии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Манбаъ аз ин се нафар ном набурдааст ва танҳо гуфтааст, ҳар се сокини ин ноҳия буда, моҳи марти соли равон, баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва гирифтани даъватнома барои хизмати ҳарбӣ, бе ягон асос, ба коммиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.

Додситонии Мастчоҳ бар зидди онҳо барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (моддаи 343, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва ҳоло он “дар тафтишоти пешакӣ қарор дорад”.

Назари ҷавононе, ки барои саркаши аз хидмати ҳарбӣ муттаҳам мешаванд, маълум нест.

Қаблан, онҳое, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекарданд, додгоҳ як ё ду сол шартан аз озодӣ маҳрум мекард ё онҳоро ҷарима менамуд.

Қаблан, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ӯ мушаххас нагуфт, ки ин ҷавонон ҷарима гардидаанд ва ё аз озодӣ маҳрум шуданд.

Дар гузашта ҳам Додистонии кул аз ҳолатҳои алоҳидаи саркашии баъзе ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ гузориш дода буд. Аз ҷумла, моҳи март хабар дод, ки Маъруф Ғоибзода, як ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.

Мавсими даъвати баҳорӣ ба сафи артиш 1-уми апрел оғоз гардида, то 30-юми май давом мекунад. Имрӯз, 12-уми май, Вазорати дифоъ хабар дод, ки нақшаи даъват дар тамоми кишвар 76 дарсад иҷро шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.