Нақшаи даъват ба сафи артиш 76 дарсад иҷро шудааст

Давоми 40 рӯзи маъракаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 76 дарсад иҷро шудааст, гузориш медиҳад маркази матбуъотии вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба навиштаи ин ниҳод, дар вилояти Суғд маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 68%, дар вилояти Хатлон 73% ва НТҶ 77% иҷро шудааст. Душанбе аз анҷоми маъракаи даъват дар аввалҳои […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Давоми 40 рӯзи маъракаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 76 дарсад иҷро шудааст, гузориш медиҳад маркази матбуъотии вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар вилояти Суғд маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 68%, дар вилояти Хатлон 73% ва НТҶ 77% иҷро шудааст.

Душанбе аз анҷоми маъракаи даъват дар аввалҳои моҳи май хабар дода буд. Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон низ аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ ҳисобот дода буд.

Дар маъракаи даъвати ҷорӣ, ки охири моҳи май ба анҷом мерасад, ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмат даъват мешаванд.

Соли 2021 парлумони Тоҷикистон дар таҳрири нав қонуни "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрвандони кишвар ҳамакнун метавонанд бо пардохти маблағи муайян давоми як моҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмати ҳарбиро адо намоянд.

Нархи хизмати алтернативӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда ба 68 сомонӣ баробар аст) мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.