“Барои наҷоти худ низом насохтаем”. Интиқоди Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз мудирияти Толибон

Сироҷиддин Ҳаққонӣ, яке аз чеҳраҳои калидии Толибон*, ки сарпарастии вазорати корҳои дохилаи Афғонистонро ба зимма дорад, аз низоми идории ин гуруҳ интиқод карда, зарурати таҷдиди онро таъкид намуд. Дар ин бора нашрияи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад. Ӯ гуфтааст, низоми ҷорӣ дар Афғонистон набояд ба гунаи кӯчак сохта шавад ва “набояд ба як мадраса мунҳасир […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Сироҷиддин Ҳаққонӣ, яке аз чеҳраҳои калидии Толибон*, ки сарпарастии вазорати корҳои дохилаи Афғонистонро ба зимма дорад, аз низоми идории ин гуруҳ интиқод карда, зарурати таҷдиди онро таъкид намуд. Дар ин бора нашрияи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.

Ӯ гуфтааст, низоми ҷорӣ дар Афғонистон набояд ба гунаи кӯчак сохта шавад ва “набояд ба як мадраса мунҳасир гардад”, балки ҳама мардум бояд дар низом шомил бошанд.

“Ин низомро набояд ба ҳадде мунҳасир кунем, ки танҳо “афроди як мадраса” дар он худро бинанд. Дар ин низом ҳама шарик ҳастанд ва ин низом ба хотире сохта нашуд, ки сирф худро наҷот диҳем, балки ба хотире сохта шуд, ки мамлакатро наҷот диҳем”, – таъкид намудааст Сироҷиддин Ҳаққонӣ.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, поягузори шабакаи Ҳаққонӣ* аст, ки бо амалҳои зиёди террористӣ шинохта шудааст. Ҳоло намояндагони ин шабака аз тундравтарин қишри Толибон дониста мешаванд, ки аз нуфузи хосса бархӯрдоранд ва вазифаҳову курсиҳои калидиро дар ҳукумати муваққати эълонкардаи Толибон ишғол мекунанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин интиқоди масъули аршади Толибон аз низоми эҷодкардаи худ нест.

Қабл аз Ҳаққонӣ, Яъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифои Афғонистон низ дар суханрониҳои хеш бидуни зикри номи роҳбари худ, аз сиёсатҳои ҷории Толибон интиқод карда, гуфта буд, ки “инҳисори қудрат ва таҳмили дидгоҳ ба суди Толибон нест” ва “бо чашмони баста аз касе итоат накунанд”.

Дар посух ба ин интиқодҳо, Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон, зимни суҳбат дар назди уламои дин дар Кобул ба мақоми вижаи сиёсии худ дар “низоми исломӣ”-и Афғонистон таъкид карда, гуфта буд, ки “агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.

Коршиносон хитоби ахири амири Толибонро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои Охунзода интиқод кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио