Чаро пайрави дини Зардуштӣ будани Абдуқодир Абдуқаҳҳор баҳсбарангез шуд?

Чанде пештар рӯзноманигор Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар расонаҳо оид ба эътиқоди динии худ суҳбат кард ва эътироф намуд, ки пайрави дини Зардуштӣ аст. Ӯ гуфт, ки ҳадаф дорад Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистонро таъсис диҳад. Баъдтар, Абдуқодири Абдуқаҳҳор боз ҳам тариқи расонаҳо иддао кард, ки баъди эълони тасмими худ, мавриди таҳқиру тавҳини корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, фишору […]

Asia-Plus

Чанде пештар рӯзноманигор Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар расонаҳо оид ба эътиқоди динии худ суҳбат кард ва эътироф намуд, ки пайрави дини Зардуштӣ аст. Ӯ гуфт, ки ҳадаф дорад Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистонро таъсис диҳад.

Баъдтар, Абдуқодири Абдуқаҳҳор боз ҳам тариқи расонаҳо иддао кард, ки баъди эълони тасмими худ, мавриди таҳқиру тавҳини корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, фишору таҳдидҳоро эҳсос кардааст.

Эътирофи оммавии Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар хусуси гароиш ба дини Зардуштӣ дар ҷомеаи Тоқикистон, ки аксари кулли он мусалмонанд, вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони зиёд ӯро мазаммат мекарданд, ки “дини худро тағйир додааст”.

Ин вокунишҳо баҳси таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар ба миён гузошт ва “Asia-Plus” тасмим гирифт, бо ҷалби намояндагони адёни гуногун, масъулини ҷамъиятҳои динии кишвар, коршиносону таҳлилгарон ин мавзӯро ба баррасӣ кашад.

Дар ТОК-ШОУ-и навбатии “Рости гап” мавзӯи таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

"Рости гап" ягона ТОК-ШОУ дар бахши тоҷикии интернет аст, ки дар платформаҳои гуногун садҳо ҳазор тамошобин дорад. Агар мехоҳед, ки тамошобинони барномаи мо дар бораи ширкати шумо огоҳ шаванд, мо омодаем бо шумо ҳамчун шарик ё сарпараст ҳамкорӣ кунем.

Рақам барои тамос: 93-577-78-70

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.